Коррупсияро пешгирӣ бояд кард
16 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии сардори бахши муқовимат бо коррупсияи шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб, Раёсати агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, майори адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод бо роҳбарон ва кормандони як қатор ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия доир гардид.
Мавсуф таъкид карданд, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад. Вақтҳои охир тавассути воситаҳои ахбори омма маълумоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба дастгир кардани кормандони мақомоти мухталифи давлатӣ бо ҷурми порагирӣ зиёд ба чашм мерасад. Набояд фаромӯш кард, ки коррупсия садди роҳи рушду инкишофи давлат мегардад ва мубориза бо он кори дастаҷамъиро талаб мекунад. Мову шумо уҳдадорем, ки баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамоми воситаҳои мавҷуда самаранок истифода намоем ва нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа реша давонад, афзуданд майори адлия Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод.
Сипас Дилбар Раҳматуллозода, муовини раиси ноҳия ба сухан баромада, оид ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ибрози андеша карданд.
Дар охир Раҳмон Эмомалӣ Раҷабализод ба якчанд саволҳои иштирокчиён оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.