ИСЛОҲ.НЕТ- МИНБАРИ ИҒВОГАРИСТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки дастрасӣ ба иттилооти шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири ҳам манфӣ ва ҳам мусбии худро дорад. Дар замони пешрафти технологияҳо ҳам хурду ҳам калон аз шабакаҳо истифода менамоянд. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъсиррасонӣ ба шуури инсон гардидаанд. Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои мухталифи хиёнаткорони Ватанро дидан ва мутолиа намудан мумкин аст.

Мақсади маводҳое, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба воситаи “Ислоҳ.нет” пахш менамояд, боз ҳамон сиёҳкунии давлати тоҷикон ва ҳукуматдорони он мебошад. Фикр мекунем, ки ин навиштаҳо эҷоди тахаюлоти баъзе нафарон буда, фармоиши душманони миллат мебошад. Навиштани чунин дурӯғи маҳс ва бемазмун шармандагию хислати ноҷавонмардона мебошад. Бозичаи дасти бозигарони минтақавӣ будани ин хиёнаткору разилон имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест.

Мусаллам аст, ки онҳо аз натиҷаи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аламзада мебошанд. Бо ҳар роҳу усул корҳои сиёҳи худро давом дода, мақоли «аз таги нохун чирк кофтан»-ро хуб истифода мебаранд. Иртиботи ногусастанӣ доштани ин разилон бо ДИИШ маълум аст. Куштори одамони бегунох ва зинда ба зинда сўзонидан амалҳои хиёнаткорон ва ҳаммаслакони онҳо мебошад. Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳи ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, мансабталошии саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаммаслакони онҳо бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебарад. Акнун халқ гумроҳ нест, ба ҳақиқат чашм боз намудааст ва намегузорад, ки боз ба доми разилон афтад.

Халқ сабабгори тинҷию амонӣ, ваҳдат, истиқлолит ва осудагию суботи кишвар, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ақл ва қалби худ мешиносад. Сулҳе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба халқ овард, нодиртарин дар таърихи халқи тоҷик мебошад. Умед дорем, ки ояндаи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами ҳалқ равшан ва дурахшон аст. Муҳаббату садоқат ва боварии моро ба ин шахси мўътабар ягон иғвогар, ягон амали ў, ягон кўшиши беҳудаи иғвоандозон кам карда наметавонад. Бо Пешвои миллат ба сўи равшанӣ роҳ хоҳем тай намуд.

Азимова Н, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест