БОЗДОШТИ АБДУЛҲАҚ ОБИДОВ БО ҶУРМИ САЛАФИЯ

 

Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи ШоҳмансурАбдулҳақ Обидови 44-сола, машҳур бо лақаби Махсуми Абдулҳақ санаи аз санаи 19-уми апрел нҷониб дар боздошт қарор дорад. Боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими видоъ ва дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт, аммо мақомот гуфтанд, ӯ ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" муттаҳам аст.

Махсуми Абдулҳақро маъмурони Идораи амнияти шаҳри Ваҳдат дастгир кардаанд. Хабаргузории расмии "Ховар" рӯзи 21-уми апрел бо такя ба дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишт, Абдулҳақ Обидов ба узвият дар ҳаракати мамнӯи "Салафия" муттаҳам мешавад.

Абдулҳақ Обидов чаҳор соли охир сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Имоми Аъзам дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд. Имомхатибон дар Тоҷикистон аз сӯйи муассисони масҷид ва дар мувофиқа бо мақомот таъин шуда, аз санҷиш мегузаранд ва аз давлат маош мегиранд.

Пайвандонаш дар деҳаи Ҷангалободи ноҳияи Ваҳдат рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ баъд аз зуҳри 19-уми апрел ба идораи амнияти ноҳияи Фирдавсии пойтахт даъват шуда, сипас, ба хона барнагаштааст. Онҳо гуфтанд, дар бораи дар куҷо нигоҳдорӣ шудани ӯ ва вазъи саломатиаш чизе намедонанд.

Абдулҳақ Обидов барои суханронии баҳсбарангез дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дастгир шудааст. Сархатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансур дар маросими дафни Домулло Ҳикматулло дар рӯзи 13-уми апрел ӯро “яке аз пешвоҳои бузурги мо” ном бурд.

Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар як баёния гуфтанд, боздошти имомхатиб ба суханронии ӯ дар маросими ҷанозаи Домулло Ҳикматулло ҳеч рабт надорад. Онҳо аз расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хостаанд, “ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.”

 

А.Хидиров, “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест