ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ МӮЪТАДИЛ АСТ

Рӯзҳои сипаригашта хуруҷи нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва Қирғизистон марз анҷом ёфт. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаҳои иловагиро аз хатти сарҳади давлатӣ ба умқи қаламравҳои худ ба анҷом расониданд.
Тибқи иттилои ниҳодҳо, кори комиссияи муштарак оид ба санҷиши минтақаҳои наздимарзӣ идома дорад.
Бо маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид карда аст, ки вазъ дар марз бо Тоҷикистон "мӯътадил" боқӣ мондааст. Ҳамин тавр, дар давоми шаби гузашта ягон "ҳодиса ва тирпарронӣ" сабт нашудааст.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи шумораи кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое ба нашр нарасонидаанд, аммо манобеи маҳаллӣ ба ҳолати шоми 2 май аз кушта шудани ҳудуди 16 нафар ба ҳисоби аскару афсарон хабар медиҳанд.
Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад. Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки ба ҳолати шоми 1 май теъдоди кушташудаҳо бар асари даргириҳои марзӣ дар ин кишвар ба 34 нафар ва маҷруҳон 140 нафар шумурда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел аз сангзанӣ сар шуда ба тирпарронӣ бадал гашт.
Муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ асосан дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, ба вуқуъ пайваст.
Баъди ду рӯзи шиддат гирифтани муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ, ки чандин нафар аз ду ҷониб кушта ва захмин шуданд ва даҳҳо иморату иншоотҳо хабаробу оташ зада шуда, рӯзи 30 апрел изҳороти муштарак дар бораи оташбас ба имзо расонида шуд.
Шурӯъ аз рӯзи 1 май комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи аломатгузории марз сари миззи гуфтушунид нишастаанд. Аз 1 май ба ин тараф вазъ дар марз ором аст.

Л.Мирализода, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест