ЯК ДАЛЕЛИ ТЕРРОРИСТ БУДАНИ КАБИРӢ

Имсол, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад ва мардуми шарафманди тоҷик пешравиҳои назаррасро дар худ эҳсос менамоянд, нотавонбинии хоинони миллати мо авҷ гирифта истодааст. Рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҷомеаи мо, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, душманони миллатро ноором месозад.

Дар натиҷа, вақтҳои охир душманону хоинони миллати тоҷик бо кӯмаки хоҷагони хориҷии худ кӯшиш доранд, ки дар фазои иттилоотӣ иғвоангезӣ намоянд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус ҷавононро, ки таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, гумроҳ намоянд. Хушбахтона, акнун мардуми мо медонанд, ки ҳадафи асосии террористони Ҳизби Наҳзати Ислом аз ноором сохтан ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Яке аз чунин ҳуҷуми иттилоотӣ, ки мақсадаш паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ва иғвоангез мебошад, сӯҳбатҳои террористи №1, роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии “Ҳизби Наҳзати Ислом” Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Бояд қайд намоем, ки ин сагҳоро ягон кишвар ба шабакаҳои давлатӣ ва шахсии телевизионӣ роҳ намедиҳад. Аз ин рӯ, онҳо дар шабакаҳои иљтимої иштирок намуда, худро дар назди хоҷагонашон нишон медиҳанд.

Сабаби дигар дар он аст, ки танҳо дар сомонањои иљтимої сагон метавонанд суханҳои беасос ва бедалели худро гӯянд, зеро ин хоинони лаъинро касе тавони дидан дар шабакаҳои телевизионӣ надорад.

Таҳлили мӯҳтавои мусоҳибаи сардори террористон, роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии “ҲНИ”, хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз чунин шабакаҳои иљтимої “Бунёди байналмилалии Ризвон” нишон медиҳад, ки сабабгори асосии тамоми ҳодисаҳои фоҷиабор, ки оғози солҳои 90-ум бар сари мардуми шарифи Тоҷикистон таҳмил гардиданд, маҳз террористони Ҳизби Наҳзати Ислом бо роҳбарии хоҷагони хориҷии худ будаанд.

Акнун барои мардуми шарифи Тоҷикистон мақсади асосии террористон ва хоинони миллат, аъзоёни ташкилоти экстремистиву террористии “Ҳизби Наҳзати Ислом” бо сардории хоин Муҳиддин Кабирӣ аён гардид. Онҳо мехоҳанд, ки зиндагии тинҷу осудаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд.

Чуноне ки мегӯянд: “Сухан аз даҳони луқмон хуш аст”. Яъне худи Кабирӣ террорист будани худро ба мо аён намуд. Ё ба ибораи дигар “Чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”. Вале мо дар зер далелҳои дигари террорист ва дурӯғгӯву шиамазҳаб будани Кабириро исбот менамоем.

Акнун бидуни ягон шакку шубҳа маълум шуд, ки Муҳиддин Кабирӣ дурӯғгӯ, пайрави мазҳаби шиа ва хоини миллати тоҷик мебошад. Ба хотири ҳадафҳои ғаразноки худ ин хоин ва террорист тамоми муқаддасоти худро, аз ҷумла дину имонашро ба мисли фоҳиша фурӯхтааст. Ин разил аз мазҳаби Ҳанафӣ, ки яке аз равияҳои таҳаммулпазир ва сулҳхоҳ мебошад, даст кашида, пайрави мазҳаби Шиа гардидааст.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки террористони “ҲНИ” ҳамеша алоқа доштани худро бо хоҷагони хориҷии худ инкор мекарданд. Вале худи Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳамчун саркардаи террористон то ин дам алоқаи худро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон пурра рад мекард, дар ин мусоҳиба худаш иқрор мешавад, ки соли 2015 ҷиҳати дастгирӣ ёфтан барои ноором сохтани вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар мекунад.

 

М.Каримов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест