ДАСИСАКОРИҲОИ ТЭТ ҲНИ

Дар таърихи сӣ соли охири давлатдории тоҷикон давраҳое буданд, ки ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву идеологии кишвари мо хисороти зиёде расонида буд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари намояндагони ТЭТ ҲНИ аз ҷумлаи чунин нафароне буданд, ки бо мақсади халалдор кардани оромии кишвар ба саҳнаи сиёсат ворид гардида буданд. Баъзе аз саркардагони ин гурӯҳи террористӣ аз сиёсату фаъолияти давлат огоҳ буда, ташнаи курсиҳои ҳокимият ва бо кадом роҳ ба даст овардану истифода намудани онро доштанд. Ин “сиёсатмадорони” ватанбезори курситалаб ҳанӯз аз даҳсолаҳои охири давлати Шӯравӣ пай бурда буданд, ки он пош мехӯрад. Аз ин фурсат истифода карда, тариқи пинҳонӣ бо дастгирии кишварҳои хориҷа ба ташкили ин ҳизб шурӯъ намуда буданд. Як муддат пошхӯрии давлати Шӯравӣ ба амалишавии ҳадафҳои бузурги онҳо имкони васеъ дод. Дар натиҷа ТЭТ ҲНИ бо иғвову дасиса дар остонаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон кишварро ба муноқишаи шаҳрвандӣ табдил дод. Беист бародар бародарро мекушт. Кишвар вайрону валангор ва дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Беист ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз заифии диниву сиёсии ҷавонони онвақта истифода намуда, ҷомеаи моро ба майдони хунин табдил медоданд. Хуллас, як муддат нақшаи солҳо кашидаи ТЭТ ҲНИ амалӣ гашт. Вале ҳокимияти ғайриқонунии онҳо умри дароз надид. Чунки дар урфият мегӯянд, ки “чоҳкан зери чоҳ аст”. Рост. Як муддати кӯтоҳ ҷонибдорони ин ҳизби террористӣ корду камон дар даст ба қатлу ғорат ва вайрон кардани ин ватани бобоиамон ба миён омада буданд. Вале он фурсатро аз даст доданд.

 

Яъне мегӯянд, ки “бар сари фарзанди одам ҳарчи ояд бигзарад”. Аз ин кирдору рафтори ваҳшиёнаи “бо ном гӯё ҳизби динӣ” Худою Расул дар ҳайрату хиҷолат монда, аз ин нияти пешгирифтаашон онҳо бенасиб гардонид. Инчунин халқи тоҷикро панаҳварӣ намуда, ба он роҳи росту сарвари одил ато намуд. Ин аст, ки имрӯзҳо беғаразона таҳлил кардани низоъҳои динӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон қарор дорад. Сарвари арҷмандамон ҳамеша аз ин таҳдидҳо сухан гуфта, чун дигар ҳамтоёни хеш дар арсаи байналмилалӣ терроризму экстремизмро маҳкум карда, доимо чунин изҳор менамоянд: «Ҳаводиси рӯзҳои охир ба вуқӯъ пайваста, аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо мекунад, ки барои фардои фарзандонамон муттаҳид шавем ва ин неруи аҳриманро решакан созем».

 

Дар баробари рӯзҳои гузашта дар замони муосир низ ҷавонон ба ислом, дин ва охират тавваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҳанӯз саркардагони ин ҳизби мухолифин бо сарварии М. Кабирӣ дар хориҷ сукунат дорад, ки бо ҳар ҳилаву найранг ба шуури насли наврас таъсири психологӣ мерасонанд. Ин мазҳаби террористӣ аз заифии он насле, ки аз гузаштаи талху торики Кабирӣ барин “сиёсатмадорон” бехабар истифода бурда, дар ниқоби исломӣ нақшаҳои худро роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бештар ҷавононро ба гирдоби «бало» кашида, муқобили фаъолияти ҳукумату давлат менамоянд. Хусусан ҷавононе, ки саводи кофии диниву дунявӣ надоранд, ҷаҳонбиниашон танг аст, бештар аз рӯйи бефарҳангӣ ба доми чунин гурӯҳҳо меафтанд, ки оқибат боиси бадбахтии оила ва худи онҳо мегардад.

 

М.Каримов, таҳлилгар

Ҳеҷ овозе нест