ГУМРОҲИИ КАБИРӢ ВА ПАЙРАВОНАШ

Дар баробари рӯзҳои гузашта дар замони муосир низ ҷавонон ба ислом, дин ва охират тавваҷҷуҳи зиёд доранд. Ҳанӯз саркардагони ин ҳизби мухолифин бо сарварии М. Кабирӣ дар хориҷ сукунат дорад, ки бо ҳар ҳилаву найранг ба шуури насли наврас таъсири психологӣ мерасонанд. Ин мазҳаби террористӣ аз заифии он насле, ки аз гузаштаи талху торики Кабирӣ барин “сиёсатмадорон” бехабар истифода бурда, дар ниқоби исломӣ нақшаҳои худро роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бештар ҷавононро ба гирдоби «бало» кашида, муқобили фаъолияти ҳукумату давлат менамоянд. Хусусан ҷавононе, ки саводи кофии диниву дунявӣ надоранд, ҷаҳонбиниашон танг аст, бештар аз рӯйи бефарҳангӣ ба доми чунин гурӯҳҳо меафтанд, ки оқибат боиси бадбахтии оила ва худи онҳо мегардад.

Дар ин хусус доимо Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ иброз менамоянд, ки «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат бахшидани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд». Ба назари мо яке аз сабабҳои асосие, ки боиси майл кардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ мегарданд, омили иҷтимоӣ мебошад. Гурӯҳҳои ифротгар вазъи пасти иқтисодии ҷавононро ба назар гирифта, ба ҷавонон молу сарватҳои зиёде ваъда дода, онҳоро ба доми худ мекашанд. Бо ин ҳама надоштани дониши хуби динӣ, ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсӣ сабаби ба ин гурӯҳҳо шомил гардидани ҷавонон шуда метавонад.

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Он руз дур нест, ки Кабирии гумроҳ аз кирдори разилонаи хеш пушаймон шуда, роҳи бозгаштро меҷӯяд, аммо он руз аллакай дер мешавад. Шояд у гумон кунад, ки ҳоло фурсат дорад. Аммо ин хоини Ватану миллат аллакай дер кардааст ва дигарбора хоки муқаддаси Тоҷикистон чунин фарзандони нохалафро дар худ нахоҳад ғунҷонид.

ТЭТ ҲНИ ба ҷомеаи Тоҷикистон хатар дорад ва моро зарур аст, ки дигар ба суханони бешарафи Кабирӣ ва пайравону ҳамсафонаш гуш надиҳем, садди роҳи онҳоро гирифта, нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли оянда таъсири ногузири хешро расонанд.

 

М.Каримов, таҳлилгар

Ҳеҷ овозе нест