БЕШАРАФИ БЕШАРАФОН

Халқи тоҷик масали хубе дорад: «Ҳамеша равшанӣ ба торикиву зулмат пирӯз мегардад». Хоинон дар ҳама давру замон ба хотири ба даст овардани пулу моли зиёд, манфиату маҚом дар ҷомеа нооромии халқро дидан мехоҳанд. Аслан дини мубини Ислом пайравонашро ба худогоҳӣ, сулҳу ваҳдат, ватандӯстӣ ва рафоқат даъват менамояд. ҲНИ бошад, ягон робитае бо ин дин надорад, баръакс корҳояш мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръон аст. Хуб шуд, ки филми ҳуҷҷатии болозикр ба намоиш гузошта шуду миллати тоҷик бори дигар шахсияти чеҳраи манфур – Муҳаммадиқболи Садриддине, ки бо ақидаҳои ифротиаш зидди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ мекунад, шинохт.

Аз намоиши филми «Бешарафӣ» - асрори хоин фош шуд, маълум гардид, ки онҳо киянд, чӣ таърих доранд ва ҳадафашон аз бадномсозии давлати мо дар чист. Ҳофизи бузургвор барҳақ фармудааст: Воизон к-ин ҷилва дар меҳроб минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. Ин бешарафи ватангумкарда барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дину мазҳаб истифода бурда, оятҳои Қуръону ҳадисҳои Паямбарро ба гуфтаи Ҳофизи Шерозӣ «доми тазвир» Қарор дода буд. Ин бевиҷдон дар ҳақиқат на дин доштаасту на имон. Ҳамаи имондорию диндорӣ барои ӯ як воситаи фиреби мардум будааст.

Вай дар баромадҳои худ, ки аз шабакаҳои «YOUTUBE» «Facebook» суханронии бепояю беасос намуда, дар боби мусалмонӣ ва расму оинҳои мазҳабию динӣ ҳарф мезанаду «Муъмин бародари муъмин аст» гуфта, суханбозӣ ме кунад, намоиши ин филм чеҳраи аслиашро назди тамошобинон шинос намуд. Ҳатто аъзои собиқи ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом Ҳаким Қаландаров ва Раҳим Каримов тасдиқ мекунанд, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ падари Муҳаммадиқболи Садриддин якҷоя бо ӯ дар он сӯи марз ба корҳои пасту разилона даст зада, аз ҳисоби муҳоҷирону гурезаҳои тоҷик айшу ишрат менамудаанд.

Акнун онҳо дарк намудаанд, ки хиёнат ба Ватан чист, доғи нангини хиёнаткорро ба дӯш бардоштан чӣ гуна мушкил будааст. Аз ҷониби дигар, бинандаро аз аслу бунёди ин ҳизби ифротгаро огоҳ месозад, ки аз пойдевораш сар карда, саропо ғаразу буғзу адовату кинаву бадбахтист.

Мирзоев Ҳ, журналист

Ҳеҷ овозе нест