ҒАМХОРИҲОИ ҲУКУМАТИ КИШВАР НИСБАТ БА ФИДОИЁНИ ВАТАН

 

DSC00280_0.JPGDSC00282_0.JPG20210512_170527.jpg20210512_170612.jpg

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11-05-2021 ба хонаи фарзанди сарсупурдаи миллат, Акбарзода Ҳасани Сафархуҷа, зодаи деҳаи Аловуддини ҶД Фархор, ки дар муноқишаҳои марзӣ бо қирғизҳо қаҳрамонона ҳалок гардида буд, раиси Дастгоҳи раиси вилояти Суғд муҳтарама Самадӣ Биволида Зоҳидзода, Генерал-майори Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Мирзозода Сафаралӣ, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Раҳматзода Рустам ва муовини раис муҳтарама Раҳматулозода Дилбар ташриф оварданд. Меҳмонон ба волидони марҳум аз номи раиси вилояти Суғд ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ, аз номи Раиси ҚС КДАМ ҶТ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва аз номи раиси ноҳияи Фархор ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ки ҷамъ 75 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, кумаки молиявӣ расониданд. Ҳамзамон, зимни ташриф гуруҳи корӣ тасаллияти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро ба модару пайвандони марҳум расониданд.

Инчунин, аз ҳисоби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молиявӣ ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ супорида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки барои сохтмони хонаи истиқоматӣ барои зану фарзандони марҳум аз тарафи шахсони босаховати ноҳия кумакҳо аз қабили масолеҳи сохтмонӣ расида истодааст.

Холаи Майрамбӣ модари марҳум Акбарзода Ҳасан дар назди меҳмонон минатдорӣ аз ғамхорию дастгириҳои Президенти кишвар Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин роҳбарони ҳукумати мамлакат намуд ва шукрона аз он кард, ки писараш дар ҳифзи ватани худ қаҳрамонона ҷонфидоӣ намудааст.

Ҳеҷ овозе нест