БЕНОМУСӢ

Баъд аз тамошои ин филми ҳуҷҷатии “Бешараф” чеҳраи воқеии Муҳаммадиқболи Садриддин бори дигар чун оина ба тамоми мардуми сарзамини Тоҷикистон маълум гашт. Лозим ба ёдоварист, ки ӯ ҳатто номуси мардиашро гум кардааст. Ба ғайр аз манфиат ба даст овардан дигар чизеро дида наметавонад.

Бахусус, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз ёриҳои байналмилалие, ки аз тарафи ташкилотҳои ёрирасон барои рӯзгузаронии гурезаҳо дастрас карда мешуданд, ин «миллатдӯстҳо» ба манфиати шахсии худ истифода мекардаанд. Аз суханрониҳои ҳамсояҳояшон бармеояд, ки оилаи Муҳаммадиқболи Садриддин бисёр як оилаи душвортарбия мебошад, ки худи Муҳаммадиқболи Садриддин мактаби миёнаро то синфи панҷ идома дода, баъдан ҳамчун муҳоҷир ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафта, дар назди мулло Шариф чанде таҳсили илми динӣ гирифта, аз дасти мулло Шариф ин бешарафро Ғулом харидорӣ намуда, бо худ мегирад ва дар он ҷо ба Қумандон Ғулом ва якчанд қумандонҳои дигар дар синни 14-15 - солагиаш дар роҳи ҳирси молу сарват номусашро мефурӯшад.

Хушбахтона, мардуми сарбаланди тоҷик баду некро аз ҳам мешиносанд. Мақсади асосии террористон иғвогарӣ, ноамнӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум аст, ки мо бояд аҳлона пеши роҳи онҳоро гирем. Бо амалҳои нопокаш ҲНИ ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф, фаъолияташ дар кишвари мо барҳам хӯрдааст. Баъди тамошои филми мустанади «Бешарафӣ» дарк намудем, ки аъзои ТТЭ ҲНИ аз кардаи худ пушаймонанду аз чоҳҳои фитнаву зулмати ин ҷаҳаннам роҳи гурез меҷӯянд.

Акнун онҳо дарк намудаанд, ки хиёнат ба Ватан чист, доғи нангини хиёнаткорро ба дӯш бардоштан чӣ гуна мушкил будааст. Аз ҷониби дигар, бинандаро аз аслу бунёди ин ҳизби ифротгаро огоҳ месозад, ки аз пойдевораш сар карда, саропо ғаразу буғзу адовату кинаву бадбахтист.

Имрӯз аз хурд то бузурги кишвар шукр аз он мекунанд, ки дар мамлакати биҳиштосои мо сулҳу амонӣ пойдор аст ва бо меҳнати ҳалол аз пайи зиндагии худ мебошанд. Ҳамаи ин бо талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Зубайдуллои Б, Мирзоев Ҳ, журналист

Ҳеҷ овозе нест