ВАЗЪИ ВОРУХ МУЪТАДИЛ АСТ

Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон пас аз дидор дар минтақаи марзии ду кишвар дар бораи таъсиси посгоҳҳои полис дар марзи фармондории Ворухи ноҳияи Исфара ва рустоҳои Оқсойи вилояти Ботканд ба тавофуқ расиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Олимбоев пас аз озодии 6 нафар аз атбои ду кишвар, ки дар минтақаи марзӣ боздошт шуда буданд, тасмим гирифтанд барои ҷилавгирӣ аз такрори ин ҳаводис дар марзи байни Воруху Оқсой постгоҳҳои полис мустақар шавад. Ҷониби Тоҷикистон инчунин ваъда додааст. ки шахсони гумонбар дар боздошту латукӯби шаҳрвандони Қирғизистон муайян ва муҷозот мекунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар деҳаҳои Ворух ва Оқсой се нафарӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуданд. Аммо пас аз гуфтушунидҳо, шаҳрвандони дар марз боздоштшуда озод карда шуданд.

Қирғизистон мегӯяд, мошине, ки аз самти Ворух ба Исфара ҳаракат дошт, дар ҳудуди деҳаи Оқсой таваққуф кардааст, дар ҳоле ки ин роҳи транзитӣ буда, истодан ва ё фаровардану гирифтани мусофир, манъ аст. Аммо, аз мақомоти Исфара гуфтанд, дар деҳаи Оқсой шаҳрвандони Тоҷикистонро аз мошини "Газел" фароварда ва гаравгон гирифтанд.

9-уми май дар вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ва вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков доир гардида буд. Ҷонибҳо оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ, танзими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи якҷояи қонуният ва тартибот мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, Навҷувонов ва Ниёзбеков ба мувофиқа расиданд, ки дар марз навбатдории полиси ду кишварро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.

Вазорати умури дохилаи Қирғизистон ҳамоно ҳисоби хисорот аз таниши ахири марзиро идома медиҳад.Маҳз ба ҳамин хотир вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков ба вилояти Бодканд сафар кард. Ӯ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави қисми низомии неруҳои дохилии № 707дар деҳаи Коктош шинос шуд.

Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.

Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.

Л.Мирализода, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест