ВОРУХ МАРЗИ НАНГУ НОМУСИ МОСТ

Масъалаи баҳсноки деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара ва ҳамсоякишвар Қирғизистон дар хусуси делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух буда, то ҳанӯз идома дорад, ки он боиси нигаронии ҳар як фарди суғдзамин гаштааст. Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз аз соли 2012 то имрӯз зиёда аз 100 мулоқоту гуфтушунидҳо миёни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ сурат гирифтааст. Ҳамчунин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида буд.

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд. Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда ин аҳднома доир ба қатъаи мувофиқашудаи сарҳади давлатӣ то ҳанӯз ба имзо нарасидааст. Аз кӯшишҳои анҷомдодашудаи роҳбарияти давлат пайдост, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда нисфи зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад. Маълум аст, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо мӯҳлат ва заҳмати зиёди тарафҳоро тақозо менамояд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳоро дар мавриди аломатгузорӣ ва таъини сарҳади давлатӣ соли 2002 оғоз карда, дар мавриди 60 дарсади сарҳад ба мувофиқа расида шудааст. Дар айни замон, аз 976 километр сарҳади байнидавлатӣ танҳо 504 километр таъину аломатгузорӣ нашудааст. Дар баробари ин, тибқи таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҳамсоякишварҳо бо заминаи эҳтироми якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшуда ба роҳ монда шавад, ки инро ҷониби Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назар дорад.

Яъне, Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд барои ҳар ду тараф мебошад. Дар ин замина, Роҳбари давлат зимни сафари кориашон ба шаҳри Исфара бори дигар аз сокинони деҳоти Ворух даъват ба амал оварданд, ки бо ҳамсояҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмиву дӯстона зиндагӣ намуда, таҳаммулгароиро то ҳалли маслиҳатомезу мусбати масъала пеша кунанд.

  • бо ин, қайд намудан зарур аст, ки сарфи назар аз роҳи сулҳҷӯёнаи ҳалли ин масъала аз ҷониби Тоҷикистон ҳолати бештари нигаронкунанда аз ҷониби Қирғизистон ба мушоҳида мерасад. Яъне, аз ҷониби мардуми ҳамсоякишвар бо сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара борҳо муноқишаҳо рух дода истодааст. То ин дам борҳо гувоҳи фишори сокинони вилояти Бодканти Қирғизистон ба сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара гардидем, ки ин амал барои мардуми бонангу номуси тоҷик нигаронкунанда аст. Ба қавле, ки аз сулҳҷӯиву ҳамсоядории мардуми тоҷик сӯъистифода мекунанду гӯё бо ҷангуҷӯиашон хостори ҷангу оташкушоӣ ба сӯи мардум ҳастанд. Андешае ба миён меояд, ки иғвои гурӯҳҳои манфиатхоҳи қирғиз дар сарҳад бо ноҳияи Исфара, ки боиси ноором гардидани вазъи минтақа ва ташвишу изтироби мардум гардидааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвари ҳамсояи мо нерӯҳое ҳастанд, ки сулҳу оромишро чашми дидан надоранд. То замоне, ки марз муайян нашавад, хатарҳои гуногуне барои бесуботӣ дар пай дорад.

Дар масири ин гуфтаҳо қайд кардан зарур аст, ки даъвоҳои беасоси Қирғизистонро дар бобати гирифтани деҳоти Ворухи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун анклав дар минтақаи Қирғизистон қарор дорад, қатъиян маҳкум намуда, ҳушдор месозем, ки ин масъала набояд ҳар як фарди тоҷикистониро ором гузорад. Зеро ҳар як ваҷаб хоки сарзамин барои ҳар як фарди бонангу номус ва ватанпарвари тоҷик азиз аст. Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастии ҳар яки мо буда, он набояд ҳеҷ гоҳ объекти мубодила бошад.

 

Салимова М, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест