ҒАРАЗҲОИ НОПОКИ МУҲАМАДИҚБОЛ

Санаи 20 апрели соли равон, ки Муҳаммадиқболӣ Садриддин ва Шарофиддин Гадоев дар шабакаи иҷтимоии ютуб баромад намуда, боз аз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намуданд, гувоҳӣ он буд, ки онҳо дар ҳақиқат фурӯхтаи хоҷагони худ гашта, хостгори дар Тоҷикистон оғоз намудани ҷангро доранд. Зеро дар ҳар як ҷумлаи худ ин хоинони миллат иброз медоранд, ки бояд инқилоб кард, ба митинг баромад, зидди давлат баромадан лозим, мардум бархезед… ва ғайра. Ин гувоҳи он аст, ки ин хоинони миллат мехоҳанд танҳо дар Тоҷикистон бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намоянд. Барои оғози бетартибиҳо ва ҷанг онҳо як асосҳо ва сабабҳоро меоранд, ки барои чунин асос ва сабаб бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намудан ин як ахмақгарӣ асту халос. Онҳо иброз медоранд, ки гӯё дар Тоҷикистон озодии виҷдон вуҷуд надошта бошад ва Тоҷикистонро бояд давлати исломӣ кард. Бояд қайд намуд, ки дар Тоҷикистон озодии виҷдон дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” кафолат дода шуда, тамоми шаҳрвандон мувофиқи таълимоти дини худ озодона маросими тоату ибодати худро адо намуда истодаанд, ки тамоми сокинон гувоҳӣ он мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки вақте, ки мо ба суратҳои шаҳрҳои давлати Сурия ва Ироқ то ва баъди ҷанг назар афканем, гиряи одам меояд, ки чи гуна давлат буду, нохалафон, ифротгароён ва умуман террористон ба чи гуна давлат тартиб доданд. Магар ин давлатҳо исломӣ набуданд?, магар дар ин давлатҳо барои тоату ибодати мусалмонон ягон монеа буд?.

Ин ҳодисаҳо гувоҳи он аст, ки барои террористон аз он ҷумла ба Кабирӣ, М. Садриддин, Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо танҳо майдони ҷанг лозим аст, ки хоҷагони онҳо бе мамоният ба корҳои ғайриқонунии худ аз он ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир озодона машғул гарданд. Онҳо дигар ягон мақсад надоранд.

Айни замон, ки тамоми дунёро беморӣ фаро гирифтаасту, ҳамагон аз паси раҳои ёфтан аз ин вабои аср мебошанд, ин ноинсофҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд мардумро бо суханҳои бардурӯғ ба гумроҳӣ баранд.

Онҳо Иззат Амонро дастак намуда, ба воситаи он мардумро бар зидди давлат равона намудан мехоҳанд. Иззат Амон, ки бо ҷурми қаллобӣ гумонбар ва дастгир шудааст дар назди қонун ҷавобашро хоҳад дод. То чи андоза ҷинояткор будани ӯро танҳо суд ҳал менамояд. Вобаста ба ин, бояд дигар ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дода нашавад. Ҳатто наздигони Иззат Амон бо видеоролик ба хоинони миллат муроҷиат намуда, гуфта истодаанд, ки ӯро тинҷ гузоранд. Вале хоинони миллат, номбурдаро танҳо барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода бурда истодаанду халос. Дигар ин хоинони миллат ягон мақсад надоранд.

Аз ин лиҳоз, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзҳо, ки тамоми дунёро аз як тараф беморӣ ва аз тарафи дигар ҷангҳои иттилоотӣ фаро гирифтааст бояд ҳушёриро аз даст надиҳем. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми истифода бурдан бояд ҳушёр бошем, ба суханҳои ин гуна хоинон бовар накунем.

Дар Ватани азизамон, ки имрӯзҳо новобаста аз буҳрони ҷаҳонӣ вазъият тинҷу ором ва сериву пуррӣ мебошад бояд инро нигоҳ дорем. Барои амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон аз тамоми имконияҳо истифода барем ва чун ҳарвақта дар паҳлуи Сарвари давлатамон муттаҳид гашта, танҳо дар фикри ободии Ватан, нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар он бошем.

Қурбонов Ҳ, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест