КАБИРИИ ФИТНАХОҲ

Ба мо маълум аст, ки Муҳиддин Кабирӣ борҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавононро ба “инқилоб” даъват менамудааст, вале хушбахтона шаҳрвандони мо бо шукргузорӣ аз сиёсати Пешвои миллат боору бономус будани худро нишон дода, чунин амалҳои нопоки ӯро ҳеҷ гоҳ дастгирӣ накардаанд ва дар оянда низ намекунанд. Тақдири ояндаи ҷавонон ва зиндагии шоистаи мардуми шарафманди Тоҷикистон барои ин хоин, террорист ва фоҳиша ягон қадру қиммате надоштаанд.

Як намунаи дигари дурӯғгӯ ва фитнахоҳ будани Муҳиддин Кабирӣ ва истифода намудан аз дини Ислом бо мақсади нопоки худ ин мебошад, ки вай ҷанозаи Домулло Ҳикматуллои тоҷикободиро ҳамчун дастгирии худ ҳисоб менамояд. Аммо мо ҳамагон медонем, ки шодравон Домулло Ҳикматулло сиёсати ҳукуматро ҳамаҷониба дастгирӣ менамуд ва ҷомеаи моро ба пайравӣ аз ин сиёсат даъват менамуд. Домулло Ҳикматулло ҳамавақт қайд менамуд, ки ҷавонон бояд барои рушди кишвари худ меҳнат кунанд. Бояд донист, ки Домулло Ҳикматулло ягона нафаре буд, ки бар зидди ин ҳизб аз рузи пайдо шуданаш меҷангид ва ҳама вақт зид буд.

Умуман, худро шарманда намудани Муҳиддин Кабирӣ пешгӯишаванда буд. Барои мисол, таърихи пайдоиши ҳизби террористии худро ба асри 19 мебарад. Ягон асоси таърихӣ ва мантиқӣ, ки гуфтаҳои ин террорист ва душмани миллати тоҷикро тасдиқ намояд, мавҷуд нест. Ин худ нишондиҳандаи бесаводии ӯ мебошад.

Мақсади нопоки террорист Муҳиддин Кабирӣ, ки аз ноором сохтани вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ҳеҷ гоҳ амалӣ намегардад. Кабирии террористу хоин кӯшиш намудааст, ки бо истифода аз иттилооти дурӯғу фитнаангез мардуми шарифи Тоҷикистонро ба шӯр андозад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ягон донишҷӯе, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил намудааст, ягон вақт барои таҳсил намудан дар донишгоҳҳои ин кишвар дастгир ва ҳабс нашудааст. Ин низ яке аз дурӯғҳои дигари хоини миллат буда, ягон далели воқеӣ надорад.

Кабирӣ бо мақсади дастгирӣ пайдо намудан иброз медорад, ки пуштибони тамоми мусулмонони ҷаҳон мебошад. Аммо ягон маротиба дар ин мавзӯъ баромад накардааст ва мусулмонон ба дастгирии чунин ашхоси террористу фоҳиша ниёз надоранд. Ягон мусулмон дар ҳеҷ давру замон дастгири террористон набуд ва аз онҳо дастгирӣ низ наҷустааст. Дурӯғгӯ будани Кабирӣ бори дигар исбот мегардад.

Чуноне ки дар боло қайд намудем, Кабирии террорист соли 2015 ҷиҳати дастгирӣ ёфтан ба шаҳри Қуми ҶИЭ сафар менамояд. Ӯро ҳамчун саг шинохта, касе қабул накардааст, зеро маблағҳои аз Эрон гирифтаашро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ аллакай сарф кардааст. Бори дигар бояд қайд намоем, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари ташкилоти экстремистиву террористӣ бо ҳадафҳои иғвоангезонаи худ чизи аз ҳама муқаддас – дину имон ва Ватани худро фурӯхтааст. Чунин ашхосро ягон инсон ва ягон давлат дастгирӣ нахоҳад кард, барои он, ки дину имон ва Ватан барои ҳар як инсони боору номус муқаддас аст, ки чунин муқаддасотро Кабирӣ соҳибӣ карда натавонист.

Ҳамин тариқ, ҳадафи асосии ҳуҷумҳои иттилоотӣ бар зидди кишвари мо аз ҷониби террористони “Ҳизби Наҳзати Ислом” ноором сохтан ва фитнаангезӣ миёни мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи суханҳои Кабирӣ дар фазои иттилоотӣ бемантиқ буда, асоси илмиву таърихӣ надоранд.

Мо акнун аз забони худи террористон, аз ҷумла роҳбари онҳо Муҳиддин Кабирӣ медонем, ки онҳо манфиатҳои хоҷагони хориҷии худро болотар аз манфиатҳои давлату миллати тоҷик медонанд.

Аз ин рӯ, дар фазои иттилоотӣ зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд бо рушди тафаккури интиқодӣ ба хабарҳое, ки аз ҷониби чунин ашхос паҳн мегарданд, бовар накунад ва худро эмин нигоҳ дорад.

Мо бояд дарк намоем, ки дар назди миллати тоҷик, махсусан ҷавонон, вазифаҳои пурмасъул вогузор карда шудаанд ва барои расидан ба ин ҳадафҳо мо бояд муттаҳид гардем ва содиқона ба миллату давлати худ хизмат намоем. Ҳеҷ гоҳ пойбанди чунин ашхоси фоҳишаву бедину беимон нагардем.

 

А. Хидиров, “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест