НИҚОБҲОИ АЁНИ КАБИРӢ

 

Конфронси минтақавӣ, ки доир ба мавзўи «Мубориза алайҳи ҷиноятҳои экстримизм ва терроризм» бахшида шуда буд, дар шаҳри Кобул бо намояндагони давлатҳои Осиёи Маркази ва ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин конфронс Саридораи амнияти миллии Афғонистон ҳадафҳои асосии Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабириро баён намуда чунин қайд намуданд, ки надоштани яроқу аслиҳа, қаноти ҳарбӣ, маънои онро надорад, ки тарафҳои мухолифин мубориза бурда наметавонанд. Зеро ки ҷори намудани идеологияи муайян ва нобуд сохтани тафаккури ҷомеаи солим махсусан ҷавонони ояндабахш аз зарарҳои яроқу аслиҳа даҳҳо маротиба зиёд мебошад.

Воқеият исбот мекунад, ки мутаасифона дар ҷомеа низ равияҳое ва лидерҳои сиёсие арзи вуҷуд доранд, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқандозӣ равона гардидаанд. Чуноне, ки аз тарафи оинаи нилгун ва сомонаҳои иҷтимои хабарҳое бармеоянд, ки ба мафкураи ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонанд. Мисоли ҳақиқи ин суханони Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ба иғво андохтани ҷомеа, вайрон намудани мафкураи он ва ниҳоят сарнагун намудани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин албатта оқибати ифротгароӣ ва бар зидди сохти конститутсионӣ равона шуданро ба миён овард.

Бояд қайд намуд, ки дар дигар давлатҳо қарор гирифта, ҳатто дар он ҷо тарафдорони худро пайдо намуда сохти давлатдорӣ, шакли идоракунӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намудан ғайри имкон мебошад.

Ташкилотҳои ифротгароии Ансоруллоҳ, Ҳизбуттаҳрир ва собиқ Ҳизби наҳзат, ки Паймони миллӣ номугзори шудааст, дар ниқоби дини ислом пайравони худро пайдо карда оҳиста-оҳиста дунявиятӣ Ҷумҳурии ислом дунявиятӣ Тоҷикистон, осудагиву некуаҳволии мардумро дар зери хатар гузоштан ҳадафҳои норавшану ғайриқонунӣ мебошанд, зеро ки халқи Тоҷикистон, кисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озоди ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи ххуд қарор додааст.

 

Ҳ.Воситов, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест