1-уми июн- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МУҲОФИЗАТИ КУДАКОН

IMG_20210530_110258018.jpgIMG_20210530_111300599_BURST000_COVER_TOP.jpgIMG_20210530_104453348.jpgIMG_20210530_111640607.jpg

Вобаста ба таҷлили “Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон” тибқи нақшаи тасдиқнамудаи МИҲД-и ноҳия Фархор дар муассисаҳои таълимию томактабии ноҳия давоми як ҳафта “Як ҳафтаи кӯдакон” гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ озмунҳои беҳтарин ровӣ, рассом, сароянда, ихтироъкор, шеърхон, навраси соҳибистеъдод гузаронида шуд.

Таҷлили ҷашни “Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон” санаи 30-юми май дар ноҳия ботантана ҷашн гирифта шуда, дар ин чорабинӣ ғолибони озмунҳои дар боло зикрёфта аз тарафи МИҲД-и ноҳия бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон дар арафаи ин рӯз аз тарафи Бахши САҲШ-и ноҳия ба 350 нафар кудакони ятиму маъюб ва аз оилаҳои ниёзманд шаҳодатномаи таваллуд ройгон тақдим карда шуд.

Инчунин, дар ин рӯз аз тарафи ҳунармандони Бахши фарҳанг ва хонандагони мактаби бачагонаи санъати ноҳия ба кудакону наврасон барномаи консертӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳеҷ овозе нест