НАЙРАНГҲОИ ИЗЗАТ АМОН

Бояд зикр намуд,ки мо дар шароити иқтисоди бозоргони зиндагӣ мекунем ва ҳар нафар бояд фақат ба донишу малакаи худ такя намояд. Ҷомеаи имрўза хело пеш рафтааст ва ҳар шахс метавонад вобаста ба қудрат ва тавоноиаш дар кучое хоҳад кор ва фаъолият намояд.Тоҷикистон имрўз қодир аст шаҳрвандони худро бо кор таъмин намояд,аммо қишри муйяни мардум мехоҳанд берун аз кишвар кор ва фаъолият намоянд,ки ин ҳуқуқи шаҳрвандии онҳост ва ин таҷриба дар тамоми давлатҳои ҷаҳон як падидаи маъмул аст. Сиёсати давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст ва то ба андозае пеши ин раванд гирифта шуда истодааст. Бояд қайд намуд,ки дар соли равон корхонаҳои зиёде таъсис дода шуд,ки ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон муҳайё гардид.

Бемории сироятии COVID-19 ба тамоми дунё нишон дод ки ҳар миллату давлат метавонад факат ба қудрату тавоноии худ умед бандад.Бинобар он моро зарур аст,ки дар атрофи Пешвои миллат аҳлона ҷамъ гардида сиёсати хирадмандонаи он касро пиёда намоем ва барои рушди босуботи ин кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

Аммо шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки обрўву нуфузӣ ин миллатро барои андак фоидае ба замин мерезонанд ва чунин шахс Иззат Амон мебошад, ки аз фурсати мувофиқ истифода бурда, гуё ки ба муҳоҷирон ёрдам медиҳад, аммо максади асоси ин шахс муҳоҷирони меҳнатиро фиреб дода пулашонро кашида гирифтан мебошад. Ҳоло дар интернет мехонам ки гуё Иззат Амон ба муҳоҷирон ёрдам медод. Ҳар як ёрдам бо пул вобастагӣ дорад. Аз кадом ҳисоб ёрдам медод? Бо роҳи фиреб пули муҳоҷиронро мегирифт ва як кисми пулро барои ҳал кардани муаммои муҳоҷирон сарф менамуд ва боқимонда пулҳоро ба ҷайби худ мезад. Боз як чизе муҳим он мебошад , ки ин дастгирии фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва “Гуруҳи 24” аз тарафи Иззат Амон мебошад. Наход ту ба халки худ ва ба Ватани худ бадӣ мехохӣ. Мо беҳтарин давлат дорем, пешравии ин давлати моро дар тамоми дунё эътироф кардаанд ва мисли ту ва М.Кабирӣ барин нафарон намехоханд, ки дар Тоҷикистони азиз тинҷию оромӣ поянда бошад.

Ҳоло аз номи ҳазорон муҳоҷирон гуё, ки баромад мекунӣ, лекин мо миллионҳо Тоҷикистониён ҳеҷ вақт рафтори туро дастгирӣ намекунем ва доимо сиёсати Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда дар паҳлуи Президент сарҷамъ мешавем!

 

Туразода Ҷ.А. омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест