СУЛҲУ ВАҲДАТ-ШИОРИ ТОҶИКОН

Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.

Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.

Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Чи хеле, ки Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонон қайд карда буд, азбаски Ҷумҳурии Исломии Афғоистон дар чанд солҳои охир давлати ҷангзада аст ва ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ низ вуҷуд дорад, бештар таъсир ва мусоидати ҳамон ҷанговарон буд, ки солҳои 92-юм ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифт. Дар солҳои 1992 то 1997, ки ин ҷанг давом ёфт, қисми зиёди мухолифин сарҳадро убур намуда, дар Афғонистон паноҳ ёфтанд, истифода аз яроқу аслиҳа ва чандин нафар ҷангҷӯёни афғон чандин бор қувва ҷамъ намуда, сарҳадҳои водии Бадахшонро убур намуданд ва аз қисмати шарқӣ, аз тарафи водиҳои Рашт ба ҳуҷум гузаштанд. Дар ин ҳуҷум қисми зиёди аҳолии осоишта ва сарбозон низ талафоти зиёд доданд.

“...Вақте, ки ман ҳамроҳи ин силоҳбадастони тоҷику афғон, ки аз тарафи водии Ғарм бар зидди мудофиачиёни давлатӣ ба ҳуҷум гузаштем, тирпарронӣ оғоз шуд. Ман дар пушти деворе пинҳон шуда зидди онҳо тир холӣ мекардам, ба худ фикр мекардам, ки фарзанди падари ман дар ҳамин минтақаҳо зиндагӣ дорад ва шояд ӯ аз он тараф ҳифзи ватанашро дорад. Аммо ман ба сӯйи бародарам тирпарронӣ дорам...” – ёдовар шуда буд ҷангҷӯйе, ки гуреза шуда, дар ситоди Абдулло Нурӣ дохил шуда буд ва ҳамроҳи ҷангҷӯён чандин бор ба амнияти кишварамон халалдор шуда буд.

Зикр бояд намуд, ки қариб 30 сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.

 

А.Хидиров, Минбари омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест