КИНАИ КАБИРӢ

Кинаварзӣ ва иғвогарии Кабирӣ дигар аз ҳадду меъёри худ кайҳо гузаштааст ва ҷойи қабулу таҳаммули он нест. Дар замоне ки ҷавонон дигар он ҷавонони гумроҳ нестанд, ки пайи андешаҳои носолим равона гарданд. Имрӯз ҷавонон хеле донову зираканд ва ҳушёриву зиракии худро аз даст надода, намегузоранд, ки хоинони миллат аз қабили Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мафкураи онҳоро заҳролуд созанд.

Албатта ҳар як ҷомеа, давлат, кишвар ва худи инсон аз пайроҳаи пур аз шебу фароз, пастиву баландиҳо бо устуворӣ ва қаҳрамонона убур мекунад ва ин қонуни зиндагист. Мусаллам аст, ки мо тоҷикон аз даврони қадим ин гуна роҳҳои пурпечутоби зиндагиро паси сар кардаем ва имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо умр ба сар мебарем ва он рӯз ба рӯз зебову гулафшон ва шукуфо гашта истодааст. Месазад, ки ба қадри он ҳама сулҳу субот, ваҳдат ва якпорчагии миллат бирасем, ба шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки аҳриманпешаҳое чун Кабирӣ ва пайравонаш ба гулистони ҳамешабаҳори мо чашм ало кунанд.

Ҷойи иғво ва бӯҳтонҳои беасосро бояд мутолиаи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба масъалаҳои хештаншиносӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ, фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд, бигирад. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин асарҳоро офаридаанд, ба монанди « Тоҷикистон чаҳор соли Истиқлолият ва худшиносӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон чаҳор соли Истиқлолият ва худшиносӣ», «Тоҷикистон даҳ соли Истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Наҷотбахши миллат», «Соли тамаддуни ориёӣ», «Соли фарҳанги оламгир», «Аз Ориён то Сомониён», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуниориёӣ», «Оғози марҳилаи созандагӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Рӯ ба инқилоби илмиву технологӣ оварем» ва ғайра.

Дар осори мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёдкорӣ, ҳуқуқи инсон, оид ба зарурият ва аҳамияти истиқлолияти энергетикӣ, густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ дар аҳди Ҳахоманишиён, растохези Ориёно ва нуфузи давлатдорию тамаддуни эллинӣ, ҳаёт ва фаъолияти тоҷикон дар давраи истилои Искандари Мақдунӣ, талошҳои истиқлолхоҳи мардуми Бохтару Суғд, эҳёи тамаддуни ориёӣ ва нуфузи эллинҳо дар аҳди Ашкониёни Порт, дар ташаккули давлату давлатдории ниёгони тоҷикон, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1995; ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва такмили низоми идоракунӣ андешаронӣ намудааст.

Дар асарҳои мазкур инчунин оид ба муҳимтарин дастоварди таърихии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид, он аст, ки вай тавонист дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро дар Тоҷикистон хомӯш созад.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Султонова А, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест