ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РЕШАИ ТЭТ ҲНИ АСТ

Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.

Чунин ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо ба ҷомеаи солими ҷумҳурӣ то ҳол таъсири манфии худро расонида истодаат, ки несту нобуд кардани чунин ташкилотҳо яке аз масъалаҳои асосӣ ва ташвишовар дар арсаи байналмилалӣ боқӣ монда истодааст.

Дар ҳоле, ки дар сари ин паймон шахси хиёнаткори миллати тоҷик истодааст ва бар замми хиёнат боз чандин корҳои ташвиқотии иғвоангез ва нафратовари худро бо дастгрии хочагони хориҷиаш ҳама вақт хоста истодааст, ки амалӣ намояд. Фикр мекунад, ки мардуми тоҷик бесавод аст ва наметавонад идеологияи худро муайян кард. Мо аз таърих хуб медонем, ки ин ташкилоти лаънатзада дар солҳои 90-уми асри гузашта чи ташвишеро ба сари мардум овард. Ҳамаи ин ҳолатҳои аз саргузаштаро мардуми тоҷик имрўз хуб дарк карда, мақсади ғаразноки ТЭТ ҲНИ-ро ҳанўз медонад. Бо воситаи паймонаш, бо воситаи ташкилоти пурфасодаш ва бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш хоста истодааст, ки мақсадҳои худбинонаи манфурашро амалӣ созад. Вале ҳеҷ гоҳ не! Мо мардуми шарафманди тоҷик барои чи дидаю дониста ба ин шахсони аз ҳайвони вахшӣ бадтар бовар кунем. Оид ба кирдорҳои ТЭТ ҲНИ ва зарару зиёнҳои расонидаи онҳо бисёр сухан гуфтан мумкин. Хандаовар аст, ки оид ба маориф тандурустӣ, фаъолияти гумрукӣ, иқтисоди миллӣ ва дигарҳо, ки функсияҳои кишвари мо мебошад, сухан гуфтаанду навиштанд. Корҳои идоракунии давлатиро таҳлил намудани шахси ғайр ин барои мо ҳолати нафтаровар аст. Зеро мо бе маслиҳат ва ёрии ягон кас далатро идора мекунем…

Агар аз диди таҳлил нигарем иттиҳодяиҳои ё гуруҳҳои сиёсии динӣ ё гуруҳҳои ифротгароии динӣ, дар асл инҳо иттиҳодияҳои дини нестанд, балки он гуруҳҳое ҳастанд, ки динро ҳамчун воситаи сиёсат, воситаи расидан ба қудрат ё воситаи муозираи сиёси истифода мекунанд. Пурра несту нобут сохтани фаъолияти иттиҳодияҳои динии ифротгаро ё ҳизбҳои сиёсии дингаро яке аз ҳадафҳои асосии амниятӣ миллӣ мебошад, ки то имрўз дар ин партав корҳои зиёде ба иҷро расонида шуда истодааст.

Мо тоҷикон аз чунин давлати дорои сулҳу Ваҳдат, дорои Пешвои оқилу доно ва шароити зиндагии арзанда ифтихор мекунем. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон дилпурона гуфта буд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Лутфуллои Мирализод, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест