ЗАБОНИ ДАРОЗИ НАҲЗАТ НАЗДИ ХОҶАИ ХУД

Бояд зикр намуд, ки Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ТЭТ ҲНИ дар саҳифаи фейсбукиаш ба навиштаи Рустам Азизӣ, муовини Директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, диншинос ва таҳлилгари тоҷик, ки фаъолияти мухолифонро дар соли ҷорӣ ба сифр (О) баробар кардааст раддия ва ё вокуниши мухолифонаро пахш кардааст.

Б. Қаюмов чунин андешаронӣ кардааст, ки гӯё ки мухолифони тоҷик на буҷа доранд ва на артиш, вале барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум мубориза мебаранд, лекин ҳамаи ин суханҳо бардурӯғанд, зеро онҳо ҳеҷ вақт барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо мубориза намебаранд ва баръакс онро худашон поймол менамоянд. Онҳо ҳамеша дар фикри манфиатҳои нопоки худ ҳастанд.

Б.Қаюмов ҳукумати моро бо мухолифонаш муқоиса намудааст, ки муқоисаҳои ӯ нодуруст ва бе далел аст. Умуман ӯ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро бо мухолифони он муқоиса намояд. Ӯ чунин иброз намудааст, ки “Ҳукумат будҷа дорад, корманд дорад, расона дорад ва озмуни рассому ошпаз мегузаронад, ҳукумат артиш дорад, милиса дорад, амният дорад ва садҳо ниҳоди маошхури дигар, ки ҳама барои маош аз ҳисоби мардум ба ҳукумат хидмат мекунанд. Аммо дар муқобил мухолифин на будҷа доранд, на корманд доранд, на маош мегиранд, на барои маош менависанду мегуянд ва на барои маош мухолифат мекунанд. Аксарияти онҳо дар ҷое кор мекунанд ва дар фурсатҳои холиву изофиашон аз озодиву ҳуқуқи худ ва дигарон дифоъ мекунанд”.

Мо бо андешаи Б.Қаюмов розӣ нестем. Бояд қайд намуд, ки тибқи моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ маънои онро дорад, ки халқи Тоҷикистон – яъне шаҳрвандони Тоҷикистон манбаи ҳокимият ва қудрати давлатанд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ тавассути ширкати бевоситаи шаҳрвандони кишвар таъсис меёбад. Ташкилу фаъолияти мақомоти намояндагӣ, иҷроия ва судӣ бо иштироки бевосита ва ё бавоситаи халқи Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳуқуқи иштироки бевоситаи шаҳрвандон ва ё тавассути намояндагони худ дар идоракунии корҳои давлатӣ ҳуқуқи иштироки шаҳрвандро дар ҳаёти сиёсии давлат ифода мекунад. Ин муқаррароти меъёри қонуни асосӣ аз моҳияти давлати демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар он ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналмиллалӣ ва миллӣ ба роҳ монда истодааст. Ҳесҷ гоҳ ҳукумати амалкунандаи имрӯзаи Тоҷикистон сарватҳои миллатро талаву тороҷ намекунад, баръакс онро ҳифз менамояд.

Дар ҳақиқат Рустам Азизӣ, муовини Директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, диншинос ва таҳлилгари тоҷик дуруст қайд намудааст, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва Паймонро дар соли ҷорӣ ба О баробар кардааст. Бояд зикр намуд, ки аз фаъолияти ба О баробараи худ наҳзатиён нашармида худро қаҳрамон меҳисобанд. То ба кай онҳо Ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанду мардумро бо гапҳои бардурӯғашон гумроҳ менамоянд. Сухангӯи ТЭТ ҲНИ бо дарду алам ин матлабро омода кард, то ки назҳади хоҷагони худ забони дароз дошта бошад. Айни ҳол мардум дигар ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ боварӣ надоранд ва онҳо танҳо тариқи шабкаҳои иҷтимоӣ ва ютубканалҳои худ подписчик мекобанд. Кабирӣ аз хориҷи мамлакат истода худро “Президент” ва Муҳаммадиқболи Садриддинро “сарвазир” таъин намуд, ки хеле хандаовар аст. Фаъолияти ТЭТ ҲНИ ҳама вақт ба 0 баробар аст!

Каримова М, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест