ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-САНАИ МУҚАДДАСИ ТОҶИКОН АСТ

Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро бо мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Ваҳдати миллӣ омили бузурги Истиқлолияти давлатӣ гардида, баъдан барои рушду нумӯи кишвар дар тамоми соҳаҳо аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳангу таърих заминаи мусоид фароҳам меоварад. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар торафт густариш ёфта истодааст.

Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёди Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳим мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва ибтидои раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар партави ғояҳои Ваҳдати миллӣ, тоҷикистониён аз худшиносиву худогоҳии хеш бохабар гардида, арзиши Истиқлолияти давлатиро яке аз арзишҳои пурғановат донистаанд. Маҳз Ваҳдати миллӣ мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овард ва муттаҳид намуд. Ҳар як порчаи Ватан, ҳар як хору хаси он баҳри тоҷикистониён муқаддас гардидааст ва имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик аз ин арзиши гаронбаҳо бахту саодати хешро чашида истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тибқи маълумоти Созмони милали муттаҳид Тоҷикистон дар радифи дигар мамлакатҳои пешрафта рушду нумӯъ карда, торафт сатҳи камбизоатӣ паст шуда истодааст. Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккули минбаъдаи ҷомеа ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои онҳо тамоми шароитҳои таҳсилро муҳайё намудааст.

Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем.

Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем.

Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Дар ин раванд вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва соҳибкорони ноҳия аз он иборат аст, ки дар доираи чорабиниҳои истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ин раванди ободкориро идома диҳанд ва ҳамаи имкониятҳои худро барои аз имрӯза зеботар гардонидани диёрамон сафарбар намоянд.

Бигзор, ваҳдату ягонагии халқи куҳанбунёд ва сулҳпарвару тамаддунсози тоҷик то абад поянда бод сулҳу субот дар кишвари маҳбуби мо ҷовидон бошад!

 

А.Хидиров, “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест