ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО ҶОМЕА

DSC00514.JPGDSC00520.JPGИмрӯз дар ноҳияи Фархор минтақаи нави хизмати милитсия дар ҳудуди ҶД Ватан ба истифода дода шуд. Дар кушода шудани ин нуқта Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеъаи назди ВКД ҶТ Ҳамдамзода Валихон, муовинони раиси ноҳия Камолзода А, Раҳматуллозода Д, сардори ШВКД дар н.Фархор Шодмонзода Ш. ва дигар роҳбарону масъулон иштирок намуданд.

Бинои мазкур бо ташаббуси вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва бо дастгирии Шӯъбаи байналмиллалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва дастгирии техникии ташкилоти байналмиллалии Safeworld (Дунёи бехатар) дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва таҷҳизонида шуда аст.

Ҳеҷ овозе нест