САФСАТАҲОИ НАВБАТИИ МУҲАМАДИҚБОЛ

Имрӯзҳо, ки муносибати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хеле хуб гардидааст мо мардуми Тоҷикистон аз ин танҳо сарфарозӣ намуда, боварии комил дорем, ки баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳо боз ҳам мустаҳкам мегарданд. Бо боварии том метавон гуфт, ки дӯстии давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон намунаи беҳтарин ба ҳисоб рафта, он ҳазорсолаҳои дигар идома хоҳад ёфт.

Вале, мутаъсифона дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки пешравии Ватан ва хурсандии халқи худро дида наметавонанд.

Яке аз чунин нафарон ин Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳисоб рафта, аз ҷониби номбурда ҳамеша нисбати Тоҷикистон маълумотҳои обрӯи Ватанро пасткунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешаванд.

Ин навбат низ баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз ҷониби Муҳаммадиқболи С. санаи 19 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии бо номи “Ислоҳ. нет” маводе нашр намуд, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон заминҳои ноҳияи Мастчоҳро ба Ӯзбекистон дода бошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин суханон комилан дурӯғ буда, танҳо хусусияти иғвоангезӣ дораду халос. Зеро худ шоҳид ҳастем, ки ягон ваҷаби ноҳияи Мастчоҳ ба давлати ҳамсоя нагузаштааст. Ин танҳо як маълумоте ҳаст, ки М.Садриддин мехоҳад бо воситаи он дили мардуми Мастчоҳро аз Ҳукумати Тоҷикистон хунук намояд ва онҳоро ба шӯриш нисбати давлат бархезонад. Яъне ба воситаи ин маълумотҳои бардрурӯғ ӯ мехоҳад мардумро ба митинг ва ҷанг даъват намуда, ба манфиати худ, ки мақсади ӯ ва Кабирӣ бо роҳи зӯри ғасби ҳокимият мебошад истифода баранд.

Маврид ба зикр аст, ки тарғиби маводҳои бардуруғи зиддидавлатӣ аз ҷониби ин хоинони миллат бори аввал набуда, онҳо мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Тоҷикистон суханҳои сиёҳкунанда паҳн менамоянд ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати нотинҷ ва давлате, ки дар он қонуният нест муаррифӣ мекунанд.

Аллакай кайҳо аз нақшаи ғарази ин хоинони миллат огоҳӣ дорем ва бо боварии том мегӯем, ки ба ин суханони иғвоангезонаи онҳо ҳаргиз бовар нахоҳем кард. Зеро мақсади асосии ин хоинон боз Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрванди кашидан ва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ғасби ҳокимият мебошад. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев буд, ки имрӯзҳо муносибатҳои чандинасраи мардуми тоҷику ӯзбек боз ҳам беҳтар гардида, рафту омад байни ин кишварҳои дӯст барқарор гардидааст.

Мо мардуми Тоҷикистон хурсанд аз он ҳастем, ки солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз ҳам хуб гардида, имконияти аз ҳоли хешу табор ва дигар наздикон дидорбинӣ намудан ба вуҷуд омадааст, ки ин орзӯи қариб ду даҳсолаи шаҳрвандони ҳарду ҷониб буд. Зеро баробари аз байн рафтани давлати шӯравӣ риштаи хешутабории мардуми ҳар ду ҷониб канда шуда, садҳо нафарон ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Ӯзбекистон аз дидори бародарон, хоҳарон ва дигар наздикони худ то дараҷае маҳрум шуданд.

 

Қосимов З, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест