ТЭТ ҲНИ МУҲОҶИРОНРО ГУМРОҲ МЕСОЗАД

Замони ҷаҳонишавӣ иттилоот нақши муҳим мебозад, чун бештари бозиҳои сиёсӣ, ҷанги кишварҳои абарқудрат, муборизаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ бо пахши иттилооти махсуснигаронидашуда сурат мегирад, на ба бомбу куштор, тирзаниву тарконидан. Касе иттилооти зиёд ва таъсирбахш пахш менамояд ба ҳадафи худ мерасад, ғолиб дониста мешавад. Ҷанги иттилоотӣ метавонад ҷамоаҳои алоҳида, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро дар бар гирад. Ҷанги иттилоотӣ доимӣ буда, он на танҳо дар давраи муборизаи мусаллаҳона, балки дар давраи осоишта низ давом меёбад ва шакли душвортарини муқовимати иттилоотӣ мебошад.

Вобаста ба ин, имрӯзҳо собиқ аъзоёни Ҳизби экстромистиву террористии наҳзати Ислом, аз он ҷумла Кабирӣ ва ҳамфикрони ӯ аз хориҷи кишвар қарор дошта, бо мақсади паҳн намудани ғояву ақидаҳои иғвоангезонаи худ ва бо мақсади расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда истодаанд.

Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ хуб бохабар буда, намегузоранд, ки хоинони миллат бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фазои иттилоотии кишварро вайрон намоянд. Дар вақтҳои охир фаъол гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар самти мубориза бо хоинони миллат аз он гувоҳӣ медиҳад.

Ин хоинон дар барномаҳои худ мунтазам суханҳои бардурӯғ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Ин ватанфурӯшон ягон маротиба доир ба пешрафти Тоҷикистон ва рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар он сухан наменамоянд. Танҳо ва танҳо доир ба камбудиҳои бофтаю фикр кардабаромадаи худ сухан мекунанд. Мақсади асосии онҳо боз Тоҷикистонро ба ҷанг кашидан аст тамом.

Ин хоинони миллат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои мустақим мекунанд бе ғайр аз ҳақорат, тӯҳмат, иғвоангезӣ ва дурӯғгӯӣ дигар сухан дар бораи ҳеҷ чиз намегӯянд. Аз тарзи суханронӣ ва афту андоми онҳо бесаводӣ ва бемаърифатии онҳо ба ҳамагон маълум аст. Бо ҳамин рафтору кирдор боз онҳо даъвои давлатдорӣ намуда истодаанд, ки ин як хандаовар аст.

Дар ҳамаи баромадҳояшон хоинони миллат ба монанди М.Кабирӣ, М.Садриддин, Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо мардуми Тоҷикистонро зидди давлат баромадан, митинг кардан, бетартибиро дар Ватан оғоз намудан, шӯриш кардан ва амсоли инҳо даъват менамоянду халос. Магар худи ҳамин даъватҳои онҳо аз мақсадои нопоки онҳо хабар намедиҳад? Ба ҳамагон маълум аст, ки оқибати митингу шӯриш ин ҷанг аст, тамом дигар ҳеҷ чиз не. Ҳамон ҷанге, ки ба сари мардуми мо дар солҳои 90-ум чигуна бадбахтиҳоро овард.

Барои амалигардонии мақсадҳои худ, ин хоинон мехоҳанд мардуми муҳоҷирро ба тарафи худ кашида, онҳоро дар ин роҳ истифода баранд.

Албатта мафҳуми “муҳоҷир” ва “муҳоҷират” ба ҳамаи мо маълум буда, раванди мазкур ин раванди умумиҷаҳонӣ мебошад.

Мутаъсифона баъзе нафароне дар муҳоҷират пайдо шуда истодаанд, ки ба ин суханҳои иғвоангезонаи онҳо бовар намуда истодаанд. Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки кадом нафарон ба ин иғвоангезон фирефта шуданашон мумкин?. Албатта ҳамон нафароне, ки бо сабабҳои риоя накардани талаботҳои қонуни давлати хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, саводи кофии динӣ ва дунявӣ надоранд, соҳиби касб набуда, забони давлатии дар муҳоҷират қарордоштаашонро ба таври кофӣ намедонанд ва аз ин сабаб бисёр душвориҳоро аз сар гузарондаанд. Бинобар ин сабабҳо, онҳо дар муҳоҷират ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардида, ба ҳамаи ин душвориҳо онҳо Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳкор меҳисобанд. Ҳол он, ки дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои таҳсил намудан, илм омӯхтан, забономӯзӣ ва курсҳои ройгони касбомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Вале, бо вуҷуди даъватҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкасбу забондон гардидан, баъзе нафарон аз ин имкониятҳо истифода намебаранд ва дар нодонии худ давлату миллатро гунаҳкор меҳисобанд, ки албатта ин аз рӯи адолат намебошад.

Вобаста ба ин, тамоми муҳоҷиронро мебояд, ки барои ба душвориҳо дар муҳоҷират рӯ ба рӯ нагардидан соҳибкасбу забондон бошанд ва ҳаргиз ба суханҳои ин хоинони миллат бовар накунанд. Зеро ин ватанфурӯшон танҳо мехоҳанд онҳоро барои расидан ба мақсадҳои худ истифода баранд тамом.

Ин иғвоангезони ватанфурӯш бо пахши чунин барномаҳо танҳо мехоҳанд моро ба гумроҳӣ баранд. Мақсади асосии онҳо ҷалб намудани Тоҷикистон боз ба ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, баъди ба ҷанг кашидани Тоҷикистон мехоҳанд бо истифода аз вазъият мақсадҳои нопоки худ аз ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир машғул шаванд.

Вобаста ба ин, ҳамаи мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки новобаста дар ҷойи қарордоштаамон, хоҳ дар дохили Ватан ва хоҳ дар хориҷи он бояд ҳамеша дар фикри пешрафт ва ободии Тоҷикистони азиз бошем ва ҳаргиз ба суханҳои иғвоангезонаи онҳо фирефта нашавем.

 

Раҳматова З, ҳуқуқшинос

 

Ҳеҷ овозе нест