ТАНТАНАҲОИ ИДОНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР "НАВРӮЗГОҲ" - И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 Шоми 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

 

 

  Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон – 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

 Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст. Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони пойтахт минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар мебахшанд ва шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд.

http://www.dushanbe.tj/img/jolbfnb45(1).jpg

 

  Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу карданд.

http://www.dushanbe.tj/img/hj%5bbv123.jpg

 

  Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмӯҳтавои театрикунонидашуда таҳти унвони "Тантанаи Истиқлол" бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандону эҷодкорони ҷавон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон идома ёфт.

 

http://www.dushanbe.tj/img/jkbnl098.jpg

,

 

 

                                                                                              ш.Душанбе, 09.09.2018

Ҳеҷ овозе нест