Шодбошии раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

     Имрӯз дар сар то сари кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон, аз ҷумла дар Фархори бостон Ҷашни пуршукӯҳи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои муносиб истиқбол гирифта мешавад. Ба  ин муносибат тамоми сокинони диёри азизро самимона шодбош гуфта, барояшон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

     Истиқлолият барои ҳар сокини кишвари азизамон неъмати бебаҳост. Аз ин лиҳоз, ҳимоя ва ҳифзи онро месазад, ки бо ҷону дил сипар бошем. Зикр бояд кард, ки ноҳияи Фархор дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ ҳамсафар ва ҳамнафасу ҳамрози мардуми кишвари азизамон – Тоҷикистон буд. Мардуми ин диёри бостон ҳама вақт, дар ҳама шароитҳои мушкилу осони зиндагӣ сиёсати пешгирифтаи Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ мекарданд ва хоҳанд кард.

     Истиқлолият вожаи воқеан ҳам муқаддас аст, ки миллати мо аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё ва ривоҷ диҳад. Мо бояд ҳушёр ва огоҳ бошем, ки ба қадри ин неъмати  бузург – соҳибватан ва соҳибдавлат будан бирасем. Чаро ки то ҳанӯз халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзандони фарзонаю мубориз доштан, давлат ва истиқлолияти миллӣ надоранд. Ин аст, ки дар ҷаҳони муосир муборизаҳои миллии озодихоҳона идома доранд ва садҳо нафар дар ин роҳ ҷоми шаҳодат мечашанд.

    Тоҷикистон имрӯз аз файзу нусрати Истиқлолият ба хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё табдил ёфтааст. Тоҷику тоҷикистонӣ дар ошёни меҳри хеш зиндагии осоиштаву ором дорад. Пас моро мебояд натанҳо имрӯз балки ҳар рӯз аз Истиқлол ҳарф бизанем ва онро бо аллаи модарон якҷоя ба гӯши тифлакон хонем. То онҳо созандагони ҷомеаи оянда аз гаҳвора бо чунин эҳсос тарбия ёбанд. Агар мо заррае ифтихори миллӣ дорем, бояд ин ҷашни муқаддасро бо синаи пур аз меҳр ва дили саршор аз фараҳ тавре истиқбол намоем, ки манзили мо, хиёбону гулгаштҳои диёри мо шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намояд.

     Аз ин лаҳзаҳои басо фараҳбахш истифода карда аҳсан ба мардони бонангу номуси фархорзамин Хуршед Нозимов, Ибодулло Миров, Фозил Сафаров, Диловар Муҳиддинов ва дигар соҳибкорони хайрхоҳу ободгар, ки барои диёри хеш заҳматҳои шабонарӯзӣ мекашанд бигӯем. Маҳз корҳои созандагию бунёдкорӣ онҳо буд, ки симои ноҳия ба кулли дигаргун шуд. Имрӯз биноҳои хуштарҳу замонавии МТМУ № №2,4,15,8, чойхонаи миллӣ, маркази савдо, маркази хизматрасонӣ, раёсати молия, толори варзишӣ, қасри фарҳанг, китобхонаи марказӣ, осорхона, ҲХДТ, бунгоҳҳои тиббӣ, мумфаршу чароѓонкунии бинои 3 - 5 ошёна ва дигар иншоотҳои фарҳангию варзишӣ, ки туҳфа ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳусни ин диёри бостонро шукӯҳу шаҳомат  мебахшанд. Хуллас, дар ободии ин диёри бостон саҳми тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия калон аст.

 Пайки наҷотбахш ин рӯзи саид ва фархундаро, ки дар тамоми Ватани маҳбубамон танинандоз аст, барои шумоён ҳамватанон самимона шодбош мегӯям!

 Тоҷикистонам, муборак ҷашни Истиқлоли ту,

 Хурраму фархунда бод ҳар рӯзу ҳар як соли ту.

Ҳеҷ овозе нест