ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

 

 «Ҷавонон – идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрўзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Боиси шодмонист, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҷавонони кишвар дар муҳити сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ба камол расида, дар рушду нумуди ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми ҳаррўзаи худро мегузоранд.

Имрўзҳо ҷавонон дар ҳама соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият бурда, 70 фоизи аҳолии кишвари офтобии моро ташкил медиҳанд ва ҳамчун муҳаррики асосии ҳаракатдиҳандаи ҷамъият маҳсуб меёбанд.

Ҷавонони ҳар кишвар сармоя ва муҳимтарин нерўи он миллат ба ҳисоб мераванд, ки агар ин нерў ба хубӣ парвариш дода шавад, оянда метавонад ҳосил ва натиҷаи хубе барои он миллат ва кишвар бошад.

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин нуқтаро таъкид кардаанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро нерўи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд ва ба сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзи аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Дар ин самтҳо ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд.

Дар тўли 30 – соли Истиқлолият дар қаламрави мамлакат дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ба амал омада, мардумро ба роҳи дўстиву рафоқат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ равона месозад. Дар ин ҷода ҳиссаи ҷавонон низ кам набуда, ҷавонони кишвари тозаистиқлол ба ҳайси роҳбар, сиёсатмадор, вакили мардумӣ, табиб, олим, соҳибкор, варзишгару мурраббӣ, муҳандис ва технолог дар тамоми соҳаҳо фаъолият бурда, дар рушду нумуви ватани азиз саҳми босазое гузошта истодаанд.

Мавриди қайд аст, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони тамоми қишрҳои ҷомеа ғамхории бевосита зоҳир мегардад. Имрўзҳо ҷавонон тибқи квотаи призидентӣ таҳсили худро ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар давом дода истодаанд. Инчунин барои сазовори мукофотҳои давлатӣ, стипендияҳои байналмилалию маҳаллӣ, ҷоизаҳо имтиёзҳои гуногун пешбарӣ мегардад ва ин шаҳодати ғамхории давлату ҳукумат нисбати ҷавонон аст.

Аз рўзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Дар ин муддати кўтоҳ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992 (тасдиқ бо тағйиру илова 15 – июли соли 2004, таҳти №52), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 – юми майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ҳамин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999 – 2000 (5 октябри соли 1998), Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001 – 2003» (соли 2001), таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (20 марти соли 1998), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таъсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омўзишгоҳҳои касби – техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» (26 феврали соли 1998), Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018, баъди танаффуси сесола боз аз нав эҳё шудани рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», (23 феврали соли 1998), 23 – юми май эълон гардидани Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, доир гаштани фестивалҳои ҳамасолаи дўстии ҷавонон соли 1997 дар вилояти Суғд, соли 2000 дар Бадахшон, соли 2001 дар шаҳри Душанбе, соли 2002 дар вилояти Хатлон, соли 2003 фестивали дўстии Ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон, соли 2004 дар шаҳри Душанбе, соли 2004 фестивали дуюми дўстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, соли 2005 дар вилояти Бадахшон, соли 2006 дар шаҳри Душанбе, соли 2007 дар вилояти Суғд, қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло гардидани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид. Ин шаҳодати раднопазирӣ, дар солҳои Истиқлолият ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар мебошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вохўриҳои чандинкаратаи худ бо ҷавонон: 2 – юми феврали соли 1993, 4 сентябри соли 1993 ба муносибати дуввумин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, 17 марти соли 1994 дар нахуст Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, 23 майи соли 1997, қабл аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16 майи соли 1998 вохўрӣ бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ, 21 – уми майи соли 2005 вохўрии навбатӣ бо ҷавонони ҷумҳурӣ ва дигар вохўриҳо муҳимтарин муаммову проблемаҳои ҳаёти ҷавононро баррасӣ намуданд. Ин вохўриҳо рамзи ояндасозиву ояндабинӣ ва дарки рисолати баланди ҷомеашиносӣ, инсонгароӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар гардид.

Ҷавонони кишвар аз ҳар вохўриву мулоқотҳои бо Пешвои миллат баргузор гардида, барои худ сабақи судманд гирифтаву дар роҳи ба ҳаёт татбиқ намудани он ҳамеша садоқату фидокорӣ зоҳир мекунанд.

Ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, боз ҳам ободу зебо гардидани сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму технологияи инноватсионӣ, соҳаи варзиш, сайёҳӣ ва бунёдкорӣ равона созанд.

 

 

Ҳасанов М, мутахассиси соҳаи ҷавонон ва варзиш

 

Ҳеҷ овозе нест