30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ КИШВАРАМОН МУБОРАК!

DSC01457.JPGDSC01465.JPG

Субҳи 9-уми сентябр фазои маркази ноҳияи Фархор бо ҷилову табъи идонавӣ ба сокинон фараҳ мебахшид. Аз тамоми муассисаву корхонаҳо кормандону мутахассисони шарафманди ноҳия дар майдони марказӣ ҷамъ шуда, баъди табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Рустам бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройпаймоӣ намуданд. Қисмати дигари чорабиниро кормандони фарҳанги ноҳия бо иштироки сарояндагони маъруфи ноҳия бо сурӯду мусиқиҳои дилангезашон ба тамошобинон шодию сурӯр тақдим намуданд.

Ҳеҷ овозе нест