СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ 20 СОЛА ШУД

Созмони ҳамкории Шанхай созмони минтақавӣ буда, дар таъсис ёфтани он, пеш аз ҳама, «Панҷгонаи Шанхай» замина гузоштааст, ки тибқи созишномаҳо миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил гардида буд. Сипас, ба узвияти он Ҷумҳурии Ӯзбекистон пазируфта шуд ва «панҷгона» ба Созмони ҳамкории Шанхай табдил ёфт. Алҳол созмон дорои ҳашт давлати аъзо (Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон), чаҳор давлати нозир (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон) ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ (Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка) мебошад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва чинӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҳамчун ҷавҳари равобити байналмилалӣ маҳсуб меёбад, тавонистааст муносибатҳои нек ва ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монад. Ҳамчунин, ба узвияти чанде аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст, ки яке аз онҳо Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад.

Аз замони узвият дар созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди назаррасеро ба сомон расонд. Аз ҷумла, раёсати Шӯрои сарварони давлатҳоро дар солҳои 2008 ва 2014 ба уҳда дошта, дар баробари ин, солҳои 2006 - 2010 ва 2018 раёсати Шӯрои сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд. Соли равон, ки аз таъсис ёфтани Созмони ҳамкории Шанхай 20 сол пур мешавад, мутобиқи муқаррароти иҷлосияи ҷашнии сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай соли 2021 – ум дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва раёсати Шӯрои сарварони давлатҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Сол аз сол мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеа ва аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб дар минтақа, аз ҷумла терроризму экстремизм ҳамчун масъалаи нигаронкунандаи башарият дар доираи ташаббусҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди таҳлилу баррасии бештар қарор мегиранд. Тоҷикистон дар ин масир ҳамкориҳои судманд ва бисёрҷонибаи худро бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи дунё тақвият бахшида, дар ин самт сиёсати дарҳои кушодаро ба роҳ мондааст, ки ин дар оянда ба ҳамкориҳои самарабахш заминаи мусоид мегузорад.

Созмони ҳамкории Шанхай Тоҷикистонро дар ҳалли масоили умдаи минтақа ва ҷаҳон ҳамчун мамлакати ташаббускор эътироф намуда, дар доираи ин пешниҳоду иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарварони дигар давлатҳои аъзо ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд, ки ин дар меҳвари умум қарор гирифтани мамлакати моро нишон медиҳад.

Қабули пешниҳод оид ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддир

Яке аз пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Маркази зидди маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе буд. Моҳи июни соли 2019 Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарварони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карда буданд, ки дар доираи СҲШ созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир таъсис дода шавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таъсиси сохтори алоҳида, дар самаранок намудани мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир нақши бориз хоҳад гузошт.

Дар иҷлосияи Форуми ҳамкории амнияти САҲА (FSC), ки моҳи июли соли 2019 дар Вена доир шуд, масъалаи ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳамоиши мазкур Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ба ҳайси яке аз суханварони калидӣ оид ба ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон дар соҳаи амният ва мубориза бо «се неруи шар» – терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки дар ростои андешидани чораҳои зарурӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводи мухаддир, сарварони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия гардад.

Воридшавии Кохи Наврӯз ба феҳристи «8 муъҷизаи СҲШ»

Дар баробари қабули пешниҳоду ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, маконҳои таърихии кишвари азизамон ба рӯйхати ҷойҳои аҷибу ғайриодии созмони мазкур пазируфта шудаанд. Яке аз онҳо Маҷмааи «Кохи Наврӯз» мебошад, ки ба феҳристи «8 муъҷизаи СҲШ» шомил гардид.

Воридшавии Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ба ин феҳрист зимни баргузории чорабиние бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ карда шуд.

Дар чунин чорабинии муҳташам ба ҳозирон санъати наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву оинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ намоиш дода шуданд, ки воқеан, боиси ифтихору сарфарозии шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Ифтитоҳи Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон

Бахшида ба 20 - солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқа бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳои фаъолияти СҲШ дониста мешавад.

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ буда, дар сохтори Академияи идоракунии давлатӣ бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти соз­мон фаъолият менамояд.

Ҳамчунин, самтҳои асосии фаъолияти марказ тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули ҳайати дуҷониба, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, таҳияи ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилоти ҷавонон ва занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО бо мақсади тавзеҳи васеи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалият мебошад.

Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси СҲШ

Қобили зикр аст, ки мутобиқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Мутаносибан иҷлосияи ҷашнии сарварони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Тоҷикистон омодагиро ҷиҳати пазируфтани раёсат дар СҲШ дар солҳои 2020 - 2021 оғоз намуда, ният дорад, ки дар рушди минбаъдаи созмон саҳми арзанда гузорад.

Бахшида ба ин сана аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ карда шуд.

Навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ дар рамз тасвир ёфта, нишонаи мазкур дар намуди адади «20» ва шакли мудаввар кашида шудааст. Ҳамчунин, парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар қисми болоӣ ва атлас, чун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон дар қисми поёнӣ дарҷ гардиданд. Сайёраи Замин дар маркази давра таҷассум гардида, дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай бо забонҳои русиву хитоӣ ҷойгир шудааст.

Дар давраи раёсати худ Тоҷикистон ният дорад, ки барои таъмини амният ва субот, таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои СҲШ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Маҷидзода А

Ҳеҷ овозе нест