ҚАЗИЯИ КИШВАРИ ҲАМСОЯ АФҒОНИСТОН

Аз расонаҳои ахбори омма ва телевизион маълум шуд, ки амрикоиҳо дар давоми 20 – соли ҳукмрониашон дар Афғонистон, яъне тинҷу ором ва ба кишвари демократӣ табдил додани ин кишвари ҷангзада баръакс амалҳоеро раво доданд, ки бо нооромиву ҷанҷолҳо байни қабилаҳои мардуми афғон оварда расонид.

Тўли қариб як моҳ аст, ки толибон пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро гирифтаанд ва дар таъсиси Ҳукумати нав талош доранд. Мувофиқи созишномаи байни толибон ва Ҳукумати Амрико, амрикоиҳо бояд то охири моҳи август қувваҳои мусаллаҳи худро аз хоки афғон бароранд, лекин чи тавре дар пойгоҳи ҳавоии кишвар лаҳзаҳои даҳшатовар намоиш дода шуд, аксари афғонҳои ба амрикоиҳо хизмат карда, аз кишвари худ муҳоҷират карда натавонистанд, ғайр аз ин аз ҷониби аскарони амрикои таҳқир гардида, бештари онҳо кушта шуданд, ки ин ҳодисаҳои нанговар аксарияти аҳолии кишварҳои авруосиёро ба ташвиш овард.

Ин аз ноӯҳдабароии қувваҳои мусаллаҳи амрикоро нишондода, нақшаи тартиби бароварданро надоштанд. Онҳо тарсу ҳарос доштанд, ки толибон ба онҳо ҳамла менамоянд, дар ҳолати тарк накардани кишварашон ва дар ин ҳолат ба таҳлука афтода яроқу таҷҳизотҳои ҳарбиро ба толибон партофта рафтанд. Ғайр аз ин муҳоҷирони афғоне, ки ба кишвари Олмон ва Австрия рафтанд дар лагерҳои махсус ҷой доданд, ки халқи ин кишварҳо аз ин лаҳзаҳои ҷойгиркуни норозианд, чунки тӯли 20-сол ба онҳо хизмат намуданд, ҷои онҳо бояд меҳмонхонаҳо бошанд.

Англисҳо – сагу гурбаҳои худро аз одамони ба онҳо хизмат карда беҳтар дониста бо тайёраҳо гурехтанд, ки ин рафтори онҳо нисбати авғонҳо норавост. Толибон ақидаи солим надоранд рӯзе баробарҳуқуқии марду занро эълон менамоянд, рӯзе ба занҳои дастлучу сарлуч қамчин мезананд. Ин лаҳзаҳо халқи афғонро ба таҳлука, нооромии кишвар ва ноумедии оянда оварда расонид.

Аз ин лаҳзаҳо пайравони ҲНИ, Кабирипарастҳо мехоҳанд, кишвари биҳиштосои моро ноором созанд ва монанди толибон ҳукмронӣ намоянд, лекин ин хаёлҳои хоми ҳамаи онҳо мебошад.

Халқи тоҷик 30-солагии Истиқлолиятро бо шӯкуҳу шаҳомат қайд намуданд, қуваҳҳои мусаллаҳ бо захираҳои ҳарбӣ шабу рӯз дар ҳимояи кишвари азизамон мебошанд. Чи тавре Президенти кишвар, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки қазияи Афғонистон бо роҳи гуфтушунид бояд ҳал карда шавад, дар ҳукумати нав намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо, занҳои фаъол бояд бошанд ва дар идоракунии соҳаҳои давлатдорӣ иштирок намоянд. Кишварҳои абарқудрат бояд барои аҳолии Афғонистон кӯмаки башардӯстона расонида, ба беҳтар гардонидани иқтисодиёти Афғонистон мусоидат намоянд. Кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ имрӯз нисбати тақдири ин миллати ҷафокашида набояд бетараф бошанд.

 

Ашӯров С, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест