ДАСИСАҲОИ КАБИРӣ ВА ТОЛИБОН

1542100745_1b417d1c-a375-4726-b866-6a935c2dc554_w1023_r1_s.jpg

Пас аз он ки Амрико эълон дошт, ки неруҳои худро аз кишвар берун мекунад, вазъи сиёсии кишвар дар Афғонистон ба куллӣ тағйир ёфт. Моҳи сентябри соли 2021 президент Ҷо Бойдан изҳор кард, ки неруҳои ИМА ва НАТО Афғонистонро тарк намуданд. Бояд қайд кард, ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон як қисмати созишномаи ИМА бо «Толибон» (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст), ба ҳисоб мерафт, аз ин лиҳоз, миёни ҳар ду тараф дар Доҳа, пойтахти Қатар соли 2020 созишнома ба имзо расида буд. Пас аз он ки қарори ИМА дар мавриди баровардани неруҳои худ аз Афғонистон интишор ёфт, толибон якбора фаъол шуданд. Махсусан, онҳо ноҳияҳои шимоли кишварро зери назорати худ гирифтанд. Бояд қайд кард, ки ҳануз хеле барвақт ва чандин маротиба Пешвои миллат яке аз аввалинҳо шуда оиди масъалаи доғи Афғонистон аз минбарҳои баланди ҷаҳониву минтақавӣ баромад намуда, хатари онро на танҳо барои вазъи дохилии Афғонистон балки берун аз кишвар ҳушдор дода буданд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки оиди вазъи имрӯзаи Афғонистон аз руи принсипҳои эҳтиром гузоштан ба манфиати ҷонибҳо ва адолату бародари ба роҳ монда шудааст. Аз ин ру мавқеъгирии Тоҷикистон ба душманони бурунмарзии мо маъқул наафтод. Толибон мавқеи ҳукумати мавҷударо зери хатари ҷиддӣ гузоштанд, ҳол он ки вазъи Афғонистони ҷангзада бе ин ҳам вазнин буд.

Аз тарафи дигар Толибон барои худ “дӯсти наздик ” (партнер) пайдо кардани буданд. Албатта мавқеи онҳо баръало маълум буд, чунки онҳо на барои мафиати миллии Афғонистон, балки барои манфиати худ ғалаба мекарданд ва ҳеҷ гоҳ низоъҳои дохилии Афғонистонро ҳал карда наметавонистанд. Бинобар ин ба мисли худашоин қумондонҳои толиб шарик пайдо кардаанд. Чунин шарикон наҳзатиҳои исломӣ баҳисоб мерафтанд. Раиси худхондаи ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ чандест хиёнаткориҳои толибонро дарк намуда, пайи мақсади он аст,ки ба мисли толибон дар Тоҷикистон сари қудрат ояд, ки дасисабозиҳои навбатии ӯст ва ба ин восита мехоҳад ба шууру тафаккури мардум таъсиргузорӣ кунад ва ҳеҷ гоҳ чунин нахоҳад шуд ва ба таъбире “ фикру хаёлотҳои хоми дар хоб дидаро ” мемонад.

Ба ин мақсад баҳри ҳимояи онҳо роҳҳои гуногунро пеша карда, гоҳе баёнияву изҳорот ва гоҳи дигар дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо рӯҳониён ва аҷнабиён мусоҳибаву гуфтугӯҳоро ба роҳ монда, ҳамчунин нишасту вохӯриҳо мегузаронад, то мардумро гирди хеш хонад, аммо мардуми Тоҷикистон ба ин ҳарзагуиҳои Кабирӣ ва хобу хаёлу фиребҳои ӯ аз мактаби тақрибаи таърихи гузаштаву бо чашми сар ҳама чизро дидаву санҷидаву бар кашидаанд ва зинҳор эътимод нахоҳанд кард. Ин бор бо корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” вориди мубоҳиса шуда, фикри обрую нуфузи барбодрафтаи худро мекунад, ки ба манфиатҳои шахсиву сиёсиаш бисёр латмаи амиқ задааст. Баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш чунин гуфтугӯҳоро ташкил намуда мекӯшад, гунаҳкорони ифротгарои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ҳимоят кунад.

Аз нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ пай бурдан мумкин аст, ки гуруҳҳои иртиҷоӣ, махусан, Ҳизби наҳзати ислом чӣ нақши нангине дар ҳаёти имрӯзаи мо дорад ва ба воқеаҳои ҳаётӣ сарсарӣ муносибат карда, тавозун ва дӯстиро аз байн мебарад.
Маълум нест, инҳо то ин дам чӣ кореро ба нафъи халқ ба сомон расонидаанд, ки чунин ақидаро пеш меоранд. Ва боз хостори идомаи он ҳастанд, вале мо аз аъмоли хиёнаткорона ва душманонаи онҳо бохабар хастем.

Наҳзатиҳо ҳамон коре, ки то имрӯз кардаанд, дигарбора ба хиёнату мардумфиребӣ ва қаллобӣ даст мезананд. Шояд пайравонаш фикр кунанд, ки раҳбарият иқдоми “ҷиддитару қавитар” гуфта идомаи корҳои нангин, иғвоандозию дасисабозиҳоро дар назар дорад. Таъкид кардан бамаврид аст,ки амнияти Тоҷикистон то андозае хеле таъмин аст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аст. Дар ин созмон Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил мебошанд. Русия дар масъалаи таҳкими неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хеле саҳм гузоштааст ва Амрико ҳам то ҳадде дар ин замина ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад.

 

Муродбекова М, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест