Мавқеъи Тоҷикистон ё баррасии моҳият ва аҳаммияти мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба таҳаввулоти ахири Афғонистон

Абдуллоҳи Раҳнамо,

Сиёсатшинос

Сиёсати усулӣ ва мушаххаси давлати Тоҷикистон ва хоса мавқеи рӯшану қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистони ҳамсоя таваҷҷуҳи васеи доираҳои сиёсӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии дохилӣ ва хориҷиро ҷалб намуда, дар ҳафтаҳои охир дар атрофи он шарҳу назарҳои гуногун ба миён омадаанд. Мазмун ва моҳияти мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон дар ин самт дар ду моҳи охир давра ба давра ба таври муфассал муаррифӣ ва расонаӣ шуда, ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон аз он огоҳии комил доранд. Бинобар ин, дар ёддошти зерин бе муаррифии такрории мазмуни он, ба баррасии бевоситаи ин мавзӯъ пардохта мешавад.

Барои дарки аҳамияту моҳияи воқеии сиёсат ва мавқеи роҳбарияти олии Тоҷикистон нисбат ба таҳаввулот ва буҳрони ахири Афғонистони ҳамсоя бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ шавад:

 

  1. МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ АМНИЯТИИ МАВҚЕЪГИРИИ РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Мавқеи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса назари эъломшудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи ҳодисаҳои ахири Афғонистон ва рӯи кор омадани гурӯҳи ифротии «Толибон», пеш аз ҳама моҳият ва аҳамияти амниятӣ ва умумиминтақавӣ дорад. Он дар заминаи дарки тавозуну равандҳои амниятии минтақа, таҳдидҳои эҳтимолию мушаххаси он барои ҳамаи кишварҳо, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми амниятии минтақавӣ ва арзёбии сатҳи осебпазирии амниятии кишвар аз ин самт ба вуҷуд омадааст. Аз ин назар, он вокуниши табиӣ ва зурурӣ буда, ҳаҷму сатҳи баланди нигарониҳои як давлат ва ҷомеа нисбат ба ин таҳдиди воқеиро ифода мекунад.

Дар шарҳи ин масъала метавон гуфт, ки моҳияти сиёсӣ, идеологӣ ва амалкарди террористии гурӯҳи «Толибон» барои тамоми кишварҳои минтақа мушаххас буда, дар сиёсати хориҷию дифоии ҳамаи онҳо толибон ҳамчун таҳдиде барои амнияти минтақа ва ҳар як кишвари алоҳидаи он таъриф мешуд. Аз ин рӯ, ба қудрат расидан ва ба чунин имкониятҳои васеи сиёсӣ ва низомӣ даст ёфтани ин гурӯҳ сатҳи таҳдиди минтақавиро якбора бисёр боло мебарад.

Аз сӯи дигар, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дар хати пеши ҷабҳаи муборизаи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо терроризм қарор гирифта, дар архитектураи амниятии минтақа мақоми махсусан муҳим дорад. Ин вазъият ва нақш дар шаклгирии моҳиятии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таъсири муайянкунанда дошта, тақозо мекунад, ки Тоҷикистон ҳамчун сипари амниятии минтақавӣ дар баробари чунин тағйирдиҳии бунёдии тавозуни амниятии минтақа бонги хатарро ба садо дароварад.

Гузашти беш аз ду моҳ нишон дод, ки дар муҳити шарикони амниятии мо низ дарки миқёсҳои воқеии ин таҳдид ҳосил шуда, он хушбинии аввал нисбат ба ҳукуматсозию ҳукуматдории толибон ба эҳтиёткорӣ ва канораҷӯии ошкор табдил шуда истодааст. Рафт ва эъломияи ниҳоии нишасти ахири Москав (20-21 октябри соли 2021) низ нишон дод, ки акнун аксари кишварҳои минтақа ба ҳамон шартҳои қатъии Тоҷикистон дар мавриди эҷоди муносибат бо гурӯҳи «Толибон» расидаанд. Ҳамин тавр, дурустии мавқеи эълоннамудаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ба тадриҷ исбот шуда, дар миёни шартҳои эътирофи расмии толибон аз тарафи кишварҳои хориҷӣ  кафолати амнияти минтақавӣ мақоми асосӣ мегирад.

Сафари комёби аврупоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишон дод, ки ин мавқеи қатъӣ ва нигарониҳои амниятии Тоҷикистон фаротар аз минтақа низ дарк гашта, ҷонибдории васеъ пайдо мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки моҳият ва аҳамияти амниятии ин мавқеъ дар оянда дарки бештар ёфта, кишварҳои бештаре ба ин ҷабҳа мепайванданд.

 

  1. МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ҲУҚУҚИИ МАВҚЕИ РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Мавқеъгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ низ қобили таваҷҷуҳ буда, он ҳам ба матн ва ҳам ба мазмуни ҳуқуқи байналмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошад. Тамоми қонунҳо, конвенсияҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналхалқӣ қабул кардаанд, аслҳое чун мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инкори хушунат, риояти ҳуқуқҳои бунёдии инсон, роҳ надодан ба ғасби зӯроваронаи ҳокимият ва ғайраро пешбинӣ намуда, кишварҳои ҷаҳонро барои риояти ин меъёрҳо даъват ва вазифадор менамояд.

Аз ин рӯ, ба ҳокимият расидани гурӯҳи расман терористӣ эътирофшуда, ҳукмрон гаштани хушунати ошкори саросарӣ, нақзи бунёдии ҳуқуқҳои инсон ва ғасби ҳокимияти сиёсӣ, ки ахиран дар Афғонистони ҳамсоя рух дод, мутобиқи талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ бояд аз тарафи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон маҳкум ва инкор мешуд. Аммо, бо камоли таассуф, бисёре аз кишварҳо манфиатҳои худро аз меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ болотар гузошта, ҳокимияти гурӯҳи террористиро амалан пазируфтанд.

Аз ин рӯ, эътирофи амалии ҳукумати гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон ва барақарории ҳамкориҳо бо онҳо фоҳиштарин шакли нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ буда, тамоми меъёрҳои байналхалқии дар тӯли даҳсолаҳо шаклгирифта дар ин самтро барҳам мезанад. Ин ҳолат, ҳамчунин, рӯҳия ва фаъолияти гурӯҳҳои террористиро якбора боло бурда, мавқеи муттаҳид ва оштинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи мухолифат бо терроризмро пурра зери савол мебарад.

Дар умум, агар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ради хушунатро асос қарор диҳем, бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин масъала маҳз Тоҷикистон ба ин меъёрҳо пойбанд ва вафодор мондааст.

 

  1. МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ТАМАДДУНИИ ВОКУНИШ ВА МАВҚЕИ РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКСТОН

Мавқеъгирии роҳбарияти Тоҷикистон ва хоса мавқеи Пешвои муҳтарами миллати мо дар мавриди буҳрони ахири Афғонистонро метавон аз диди арзишӣ ва тамаддунӣ низ арзёбӣ намуд. Зеро дар пайи ба ҳукумат расидани толибон дар Афғонистон тамоми маҷмӯаи арзишҳои фарҳангиву тамаддунии башарӣ дар ин кишвар ва минтақа бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Ин гурӯҳ ҳам ба арзишҳои моддӣ ва ҳам ба арзишҳои маънавии тамаддуни башарӣ таҳдид офарида, дар муқобили илму дониш, таҳсилу маориф, санъату ҳунар, ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявӣ, озодию ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи занон, озодии сухан, андеша ва виҷдон қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, эътирофи толибон ба маънои ба пойи онҳо рехтани тамоми ин арзишу дастовардҳои башарӣ буда, таслим шудан дар баробари ҷаҳолату торикӣ мебошад.

Бинобар ин, истодагии роҳбарияти Тоҷикистон дар муқобили ин раванд ба рамзӣ истодагӣ дар ҳимояти тамоми арзишҳои фарҳангию тамаддунӣ ва ҳуқуқу озодиҳои башарӣ дар ин кишвар ва ин минтақа табдил шуд. Бо ин мавқеи қатъии худ дар баробари ҷаҳолату торикӣ, Тоҷикистон садои рӯшани ҷонибдорони арзишҳо ва тамаддунро дар тамоми ҷаҳон сар дод. Дар ин баҳс аслан муҳим нест, ки Тоҷикистон кишвари хурд ё калон ва ё заиф ё қавӣ бошад, балки муҳим аст, ки он дар ҷабҳаи рӯшанӣ, дар ҷабҳаи арзишҳои пешқадами инсонӣ ва тамаддунӣ қарор гирифт.

 

  1. МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ ИНСОНӢ ВА БАШАРДӮСТОНАИ ВОКУНИШИ ТОҶИКИСТОН

Мавқеи ахири Пешвои муҳтарами миллати мо дар мавриди таҳаввулоти Афғонистони ҳамсоя аз назари инсонӣ ва инсондӯстӣ низ аҳамияти вижа дорад. Зеро ҳамагон шоҳид буданд, ки ҳукуматёбии гурӯҳи ифротии «Толибон» дар Афғонистон боиси фоҷеаи бузурги инсоние гашт, ки ҳаёти миллионҳо нафарро бо хатар рӯбарӯ сохт. Беҷошавии миллионҳо нафар дар дохили кишвар, фирори садҳо ҳазор нафар ба хориҷа, кушторҳои ҷамъию гӯрҳои дастаҷамъӣ, ҳамлаи хунин ба Панҷшер, бо баҳонаҳои қавмию мазҳабию сиёсӣ кушта ё таҳдид шудани ҳазорон нафар, фарорасии фақру гуруснагии ом ва амалан ба зиндони бузурги аҳолӣ табдил шудани Афғонистон худ бузургтарин фоҷеаи инсонӣ буд. Танҳо фарёду фоҷеаҳои инсонии фурудгоҳи Кобул кофӣ буд, ки ҷаҳон ба ларза ояд ва ба зидди ин вазъият садо баланд кунад.

Аммо дар чунин ҳолат танҳо роҳбарияти Тоҷикистон мавқеъгирии қатъӣ карда, ҷаҳонро ба радди ин фоҷеа ва маҳкумсозии омилони он даъват намуд. Бо ин амал, Тоҷикистон кореро анҷом дод, ки бояд тамоми созмонҳои байналмилалии даъвогари ҳуқуқи башар қотеона ва бо як овоз анҷом медоданд.

Ин аст, ки мавқеъгирии Тоҷикистон нисбат ба ин таҳавулот ва ин фоҷеа аҳамияти махсуси башардӯстона дошт.  

 

  1. МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ МИЛЛИВУ АРЗИШИИ ВОКУНИШИ ТОҶИКИСТОН

Чунин мавқеъгирии роҳбарияти Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаҳои зикршудаи Афғонистон моҳият ва аҳамияти хоссаи миллӣ ва арзишӣ низ дорад. Зеро низои Афғонистон дар баробари ҷанбаҳои дигараш дар батни худ ҷанбаи қавмӣ низ дошта, таҳаввулоти ахир моҳияти қавмии онро боз ҳам бештар сохт. Дар ин таҳаввулот на танҳо ҷойгоҳи сиёсию ҷамъиятӣ, балки сарнавишти таърихии тоҷикони Афғонистон низ бо таҳдид рӯбарӯ шуд. Илова бар ин, бо пирӯзии як гурӯҳи маҳдудандеши қавмӣ дурнамои ҳифз ва рушди забону фарҳанги тоҷикӣ ва ҳавзаи бузурги таърихию тамаддунии мо низ зери саволи ҷиддӣ рафт. Ин пешомади фоҷеавӣ барои ҳамтаборон ва фарҳангу арзишҳои муштараки мо дар минтақа яке аз заминаҳои дигари шаклгирии вокуниши зикршудаи Тоҷикистон ба ин вазъият аст. Зеро Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ва тоҷикон ҳамчун миллат наметавонистанд дар нисбати ин фоҷеаи ошкоро нисбат ба ҳамтаборон бетафовут бошанд.

Нуктаи муҳими дигар ин буд, ки мавқеъгирии расмӣ, масъалагузорӣ ва истодагии қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқу ҷойгоҳи тоҷикон дар Афғонистон бори аввал ба ин масъала расмияти ҷиддии берунӣ дода, онро ба мавзӯи баҳсҳои калони байналмилалӣ табдил намуд. Мавқеи Пешвои миллати мо боис шуд, ки аз ҷумла, омори шумораи тоҷикон мавзӯият ва эътирофи байналхалқӣ ёбад. Ин аст, ки Президенти Федератсияи Россия ахиран ба нақши тоҷикон дар равандҳои Афғонистон ишора намуда, ба таври ошкоро эълон кард, ки тоҷикон аз 40 то 47 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд. Чунин гардиши дидгоҳҳо ва эътирофи воқеиятҳо дар сатҳи байналмилалӣ таърихи тоҷикони Афғонистон аҳамияти бисёр муҳим дорад.      

(Аз сабабе, ки моҳият ва хусуситҳои миллии вокуниши Тоҷикистон ба буҳрони ахири Афғонистон ахиран дар маводи ҷудогонаи муаллиф бо номи «Вокуниши миллӣ» ба таври муфассал шарҳ ёфта буд, ин ҷо аз баррасии такрории он худдорӣ мешавад.)

 

  1. МОҲИЯТИ ҶАСУРОНАИ СИЁСӢ ВА ШАХСИИ МАВҚЕИ РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Аз назари моҳияти тавозунҳои сиёсӣ ва равандҳои минтақавию байналмилалӣ низ мавқеъгирии ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷасурона ва масъулона буд. Зеро аз диди таҳлили сиёсӣ чунин мавзеъгирӣ дар баробари як мавҷи бисёр муқтадири геополитикӣ дар канори моҳияти одилонаву пурифтихораш метавонист риску пайомадҳои ҷиддии сиёсӣ ва амниятӣ низ дошта бошад. Ба таври мухтасар метавон гуфт, ки пушти он таҳаввулоте, ки ахиран дар Афғонистон рух дод, бе ҳеҷ шубҳа, доираҳои қавитарини амниятию истихборотӣ, қудратҳои бузурги сиёсию низомӣ, манфиатҳои азими геополитикӣ, ҳадафҳои бузурги идеологӣ ва зарфиятҳои бисёр бузурги молиявию иқтисодӣ истода буданд ва ҳастанд. Он дар асл гардиши куллии сиёсию амниятию идеологию иқтисодӣ дар минтақа ва фаротар аз он буд, ки тасаввур мешуд, касе дар баробараш ҷуръати мухолифат нахоҳад кард. Бо вуҷуди ин, роҳбарияти Тоҷикистон дар баробари чунин қимори ноодилона ва бераҳмонаи минтақавӣ огоҳона истод ва садои эътирози худро ба таври қатъӣ баён кард.

Аз ин рӯ, чунин мавқеъ дар чунин буҳрони бузурги минтақавӣ, бешубҳа, бисёр ҷасурона буда, он танҳо дар заминаи ба ҳам омадани сифатҳои шахсию номусӣ, эътимод ба худ ва таҷрибаи амалии сиёсии як пешвои миллӣ ва шахсияти сиёсӣ шакл гирифта метавонад. Шарҳу арзёбии бештари онро таърих хоҳад гуфт.

 

ХУЛОСА Ё ОЗМУНЕ БАРОИ ИСТИҚЛОЛ

Бо баррасии умумии сиёсат ва мавқеъгирии давлати Тоҷикистон ва хусусан, арзёбии мавқеи устувори Пешвои муҳтарами миллат нисбат ба таҳаввулоти ахири Афғонистон метавон гуфт, ки ин буҳрон барои Тоҷикистон ба озмун ё имтиҳони ҷиддии истиқлоли давлатӣ ва худсолории сиёсӣ табдил шуд. Ин буҳрон бори дигар дар баробари давлати мо чунин саволҳои усулиро пеш гузошт, ки оё Тоҷикистон сиёсат ва мавқеи дар ҳақиқат мустақили минтақавӣ ва байналхалқӣ дорад? Ин буҳрон аз мо пурсид, ки оё давлати мо дар ҳақиқат ба сиёсати хориҷии мустақил расидааст? Ин буҳрон, ки хоса ба рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии мо рост омада буд, тамоми ин 30 соли истиқлолиятро ба чолиш кашид, ки оё мо дар соати зарурӣ ҳамчун давлат қудрати вокуниши мустақилона дорем?

Аз ин рӯ, эълони чунин мавқеи худсолоронаи давлатию сиёсӣ ва пайгирии пайгиронаи он дар сатҳи олию миқёси байналхалқӣ бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва дорои сиёсати хориҷӣ ва мавқеи байналмилалии мустақил муаррифӣ намуд. Ин ҳолат нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо манфиат ва мавқеи худро дорад, балки маҳорату ҷасорати ҳимояти ин мавқеъ ва нақши амалии худро дар низоми сиёсию амниятии минтақа низ соҳиб аст. Дар ин раванд шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бори дигар ҳамчун шахсияти камолёфтаи сиёсӣ, сиёсатмадори соҳибназару соҳибмавқеъ, роҳбари дорои дидгоҳҳои пешқадам ва лидери сиёсии эътирофшудаи сатҳи минатқавӣ ва байналмлалӣ намоён ва эътироф гардид.

Ӯ нишон дод, ки вақте сухан аз манфиатҳои усулии миллӣ ва ҳимояи арзишҳои ҳаётии миллат меравад, Роҳбарияти Тоҷикистон ҳатто бо пазируфтани мушкилоту пайомадҳо маҳз бар пояи манфиатҳои миллию давлатӣ амал хоҳад кард. Ин ҳолат як имтиҳони муҳими Истиқлоли миллию давлатӣ ва яке аз муҳимтарин паёмҳои таҳавулоти ахири минтақавӣ барои ҷомеаи дохилӣ ва хориҷӣ буд. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки дар ин буҳрони печида Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол бори дигар аз озмуни душвори худмеҳварию истиқлолият гузашт.

Дар қадамҳои баъдӣ муаррифию пайгирии хастагинопазир ва татбиқи амалгароёнаи ин мавқеи устувор барои давлату миллати мо аҳамияти сарнавиштсоз хоҳад дошт. 

 

 

 

№43 (1450) 27.10.2021

Миёна: 2 (1 vote)