РОНДАШУДА

 

Баъди барҳам додани фаъолияти ташкилоти террористии ҲНИ дар Тоҷикистон, роҳбарон ва тарафдоронаш аз гӯшаву канори ҷаҳон бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ кӯшиш доранд, имрӯз вазъи сиёсии кунунии Тоҷикистонро дигаргун намуда, ба ҳадафҳои нопокашон расанд

Яке аз чунин хоинони ватан Муҳаммадиқболи Садриддин, сармуҳарири сомонаи «Ислоҳ.нет»- яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии «ҲНИ» буда, имрӯзҳо ба туҳмати раҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистони азиз ва бадномсозии сохторҳои қудратии кишвар машғул мебошад.

М.Садриддини хоин вақтҳои охир мақомоти амнияти кишварро мавриди туҳмату таҳқир ва бадномкунӣ қарор додааст.

Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд, ки сохторҳои қудратӣ ва хусусан мақомоти амнияти миллӣ дар 30 соли охир бо фаъолияти шабонарӯзӣ амният, якпорчагӣ ва сохти конститутсионии кишварро ҳифз ва ҳимоя кардаанд.

Барои он, ки мо ба чунин рӯзҳои хуш бирасем, яъне сулҳу суботи комил ва пешрафти иқтисодии имрӯзаи кишвар, чандин кормандони шуҷоъи мақомоти амнияти миллӣ ҷони худро фидо карданд. Маҳз хизматҳои софдилонаи кормандони мақомоти амният ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон аст, ки имруз дар кишвари мо осмони софу беғубор аст.

М.Садриддини қаллоб дигар Ватану миллати худро барои маблағи муфт шуда, ба хоҷагони хориҷиаш фурухт. Имрӯз ин хиёнаткор, ба арзишҳои миллии кишвари худ, хиёнат карда истодааст.

Мардуми меҳнатқарини тоҷик дигар фирефтаи шумо барин хиёнаткорони нахоҳанд шуд. Зеро, хунрезиҳои соли 1992 аз хотири халқи тоҷик ҳоло нарафтааст.

Маҳз дар он солҳо падари хоини ту, ки Садуридинов Қаландар, бо ҳамроҳии якчанд нафари дигар ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҲНИ»-ро таъсис дода, сабабгори асосии хунрезӣ дар кишвар гардиданд. Қаландар наздиконашро ҳамроҳаш гирифта ба давлати ҳамсояи Афғонистон ҳамчун гуреза рафта, паноҳ бурд. Аммо дар Тоҷикистон хуни ҳазорон нафари бегуноҳ рехт.

Дар таърих назар андозем, солҳои бистуми қарни гузашта, ҳангоми барқарорсозии Ҳокимияти Шӯравӣ (ИҶШС) дар мингтақаи Рашт, босмачигарӣ авҷ гирифта буд. Номи яке аз ин босмачиҳо, ки 3 нафар омӯзгорони занро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буд, то ҳол чунин ёд мешавад, ки «Фузайл Махсум аз Гарм гурехт, вале он хунрезие, ки ӯ карда буд, ба дили мардум то абад боқӣ мемонад».

Номи Муҳаммадиқболи Садруддин ва падараш низ дар қалби мардуми тоҷик барои сабабгори хунрезиҳои ҷанги бародаркушӣ солҳои 1992-1997 гардиданашон, то абад боқӣ хоҳад монд.

Имрӯз аъзоёни ТЭТ «ҲНИ» аз мубалиғони «ДИИШ» тафовуте надоранд. Фикру ақидаи якхела дошта, мақсади хунрезӣ ва дигар кардани давлатдориро доранд. Вале, яқин бояд М. Садриддини хоин ва дигар пайравонаш бидонанд, ки тири онҳо кайҳо хок хурдааст. Дигар ҷавонону абармардҳои кишвар ба дуруғу найрангҳоишумо дода нашуда, ҳар як порча замини кишварро ҳифз менамоянд. То ин, ки хуни як нафар тоҷику тоҷикистонӣ ноҳақ бар замин нарезад.

Хидиров А, “Минбари омӯзгор”

Ҳеҷ овозе нест