КАБИРИИ БЕОР

kabbirriya 4_16.jpg

Тоҷикистони азизамонро сар то сари ҷаҳон беш аз 150 давлати дунё мешиносаду эътироф намудааст. Аз замони истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардид. Аммо дар ин давраи на чандон тӯлонӣ, кишвари мо ба он қадар дастовардҳо ноил гардид, ки шояд дар дигар баъзе кишварҳо вуҷуд надошта бошанд. Имрўз бархе шаҳрвандони кишвари мо, ки аз паси ҷинояткориашон дар кишварҳои бегона гурезаанд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф зада, худро ватандўст нишон доданӣ мешаванд. Инсоне, ки аз чеҳраи аслии онҳо воқиф нест, аз тарзи суханронию ҳарфзаданҳояшон гумон мекунад, ки танҳо онҳо дар фикру андешаи пеш рафтани ин миллату давлатанд. Нафари ватандору ватандўст, ки аз аъмоли ин тоифа огоҳ аст, медонад, ки инҳо хоинони миллатанд.

Чуноне, ки дар урфият мегӯянд офтобро бо доман пӯшида намешавад. Тибқи гуфтаҳои боло доғи сиёҳи миллати тоҷик ин Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигар мебошанд, ки дар тӯли зиндагиашон фақат барои манфиати худ барои ҳадафҳои нопоки худ талош карда, барои давлату миллат кореро анҷом надодаанд. Ҳар яке аз инҳо дар баробари сиёсатбозиҳои худ ҳамчунин ба ҷинояткорӣ машғул будаанд. Вақтҳои охир тариқи расонаҳои интернетӣ ҳар гуна тўҳмату бўҳтонҳои онҳо паҳн гардида истодаанд. Ҳамаи он суханоне, ки ҷонибдоронаш нисбати мо мегӯянд гапҳои пучу бемаънӣ, беасос мебошанд. Шумоён кӯрнамакед, магар фаромӯш кардед, ки дар ҳамин сарзамин таваллуд шудаеду ба воя расидаед. Бо шири сафеди модари тоҷик ба воя расидаед. Ватан модари мо, хонаи мо аст. Касе, ки мардумфиребӣ мекунад, оқибат ҷазояш ватангадоӣ аст. Ҳақиқат талх аст, вале онро бояд қабул кард. Ман ба ҳангомасозон гуфтаниям, ки нисбати миллати тоҷик бадгўӣ накунанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробар аст ва ҷинояткор ҷазояшро мегирад.

М. Кабирӣ созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳои нангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо умр ба сар мебарад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Акнун дар хориҷии кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ кўмаки молиявӣ гирифта, мехоҳад боз фазои кишварро тира кунанд ва ба манфиати бегонагон хизмат менамояд.

Ў беорона нисбати сарзамини хеш носазо мегӯяд ва бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода, мехоҳад дар Аврупо паноҳ барад ва беҷазо монад. Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ менамояд.

 

Ш. НАЗАРЗОДА, ОМӮЗГОР

 

Ҳеҷ овозе нест