ҶАВОНОН ТАБЛИҒОТИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНАНД

Имрӯзҳо шабакаи глобалии интернет барои мо як чизи муқарарӣ шудааст, ки бе он худро тасавур кардан мушкил аст.

Интернет чизи хуб аст, аммо онро ҳама ба нафъи худ истифода мебаранд ва хуб мешуд, ки он барои гирифтани фоида, даромад ё ягон дигар манфиате ба оила бошад. Имрӯзҳо нафаронеро мебинем, ки тавасути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терорристӣ шомил мешаванд. Пас саволе ба миён меояд, оё ин хуб аст, ки ҷавонони мо бе доштани саводи кофии диннӣ ва дунявӣ ба ин ҳизбҳо ҳамроҳ мешаванд. Ҳамин дастрасии озод ва арзон ба шабкаҳои иҷтимоӣ яке аз сабабҳое шуд, ки ҷавонони мо гумроҳ шуда, дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок карда, баъзеашон зинда ва баъзеи дигарашонро мурда ба ватан баргардонида шаванд. Аз ин лиҳоз, баланд бардории нархи интернет каме бошад, ҳам боздорандаи шомилшавии ҷавонон ба шабакаҳои иҷтимоии терористӣ мегардад.

Дигараш ин, ки ҷавонон бо рушди илму техника, интернет ва алоқаи мобилӣ аз китобу китобхонӣ дур шудаанд. Хуб мешуд ба китобхона рӯй оварда, ишқи китобхониро дар онҳо бедор мекардем, ба ҷои он, ки дар шабакаҳои иҷтимоии бекораву вақтгузаронандаи бефоида рӯз мегузаронанд. Ин ба ояндаи давлату миллат фоидавовар аст, назар аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ.

 

Абдуллоев М, иқтисодчӣ

 

Ҳеҷ овозе нест