ДАВЛАТИ “ТОЛИБОН” ПОЯНДА НЕСТ!

 

Хоинони миллати тоҷик ба ҳар даре, ки сар мехалонад, ба ҳар коре даст мезананд, саркуфта мемонанд. Дуруғ мегуянд ва ҳар дафъа тирашон хок мехурад. Онҳо аз дасисабозиву фитна эҷодкуни, обрӯ, эътибор ва шаъни инсониро аз даст дода, чор мезананд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимои ва расонаҳои хабари баробар намудани Давлати соҳибистиқлоли моро бо толибон ин басо хато ва иштибоҳ аст, чунки давлати Тоҷикистон соҳибистиқлол демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Мо тайи 30 – сол мешавад, ки дар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мутарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонии осоишта ва озод умр ба сар мебарем. Аммо толибон ин гуна зиндагонии осоишта надоранд баръакс онҳо бо дасиса бозиҳову финна ангези ҳуқуқу озодии занонро поймол менамоянд. Талаботи толибон нисбати занон чунин мебошад, ки бояд занҳо дар хона нишинанд, занҳо бо фаранҷи гарданд ва дар корҳои давлатию ҷамъияти иштирок накунанд. Аммо дар Тоҷикистон мо ҳуқуқи зану мард баробар аст занҳои мо дар корҳои ҷамъиятию корхонаҳои давлати озодона фаъолият карда метавонанд. Бо ин далелҳои дар боло зикр гашта сохти давлатдори ва ҳуқуқи зан дар ҷомеа нисбат ба давлати толибон ба кули фарқ мекунад.

Ҳаракати “Толибон” имрӯз дар Афғонистон худро ба танзим дароварданианд. Бино ба хабари расонаҳо онҳо барои худ фазои маҷозие таъсис доданианд, ки ин фазо тавонад ин ҷаллодонро ҳомии ислом ва миллати афғон муаррифӣ созад. Худсозии онҳо дар шакл ,ки мазмуни фиребанда дорад ,чашмбандиест дар роҳи ба даст овардани эътиқоди мардум. Роҳи давлатсозии эшон бошад ҳанӯз маълум нест. Хилофате ,ки онҳо сохтанианд, монанди оби хоколудаест дар ниҳоди баҳр. Худ қазоват кунед. Чархаи таърихро ба қафо баргардонидан имкон дорад? Дар ҳоле ,ки дигар давлатҳо хаёли коинотро доранд, ин қавм хостгори ба қафо баргардонидани ҳаёт аст. Маҳдуд кардани ҳуқуқи занону модарон дар ҳама ҷабҳаҳо. Бастани фаъолияти илму фарҳанг , маҳдудияти иттилоот, кушодани мадрасаҳои нав дар шакли дигар фарогири илми шариат ва мазҳаб бархе аз ин навгониҳои ин ҷангҷӯён аст. Аз ҳама бадтараш маҳдуд кардани фаъолияти тоҷикон ва дигар қавмиятҳо мебошад,ки аз рӯзи аввал маҳдудияти забонҳои дигарро ошкоро баён доштанд. Хусусияти аз ҳама бадтар он аст, ки иттилоот ва васоити ахбори оммаро ҳамчун воситаи таблиғоти худӣ истифода карда, фаъолияти дигар қавмҳо аз ҷумла тоҷиконро маҳдуд намуданд.

Қадами аввал гузоштаи Толибон дар роҳи ташаккули давлат хатост. Маҳз чунин нокомиҳои давлатсозии онҳост, ки норозигии мардум рӯз ба рӯз бештар мегардад. Боварист, ки муддате нагузашта Толибон ба муқовимати сахти халқҳо ва қавмиятҳо дучор мегардад. Аз ҷониби дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ интизорӣ дорад, ки онҳо чи гуна давлат месозанд ва таъсири ин давлат ба минтақа чи гуна хоҳад буд. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳама нигаронанд, ки ин қавм то куҷо гом мебардорад. Дар куҷое, ки пой гузорад пояш хоҳад шикаст. Нуқтаи назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бобати шинохти давлати Толибон пардаеро аз рӯи оламиён кушод.

Президенти кишвари мо назари худро ҷасурона баён дошт ва бо ин нуктаи баёндоштааш оламиёнро бори дигар ҳушдор намуд, ки дар шинохти онҳо таҳамул созанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо гуфтаҳои Сарвари тоҷикон пайваста думболагирӣ мешавад,ки ин фазои наверо дар роҳи адолат боз намуд.

Пӯшида нест, ки толибон кунун дар чи мақоме қарор доранд.

Фазои муқовимат дар Афғонистон пайваста афзоиш дорад. Толибон бошанд ба сохтори давлате шуғл доранд, ки чи гунагии ин давлат ҳанӯз маълум нест. Таъсиси хилофат ин як ҳушдории олам аз падидаи нохушест, ки аз нахустин паёмади худ имрӯз хабар медиҳад.

 

Раҳмонова Н, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест