ХИЁНАТИ КАБИРӢ

kabbirriya 4_17.jpg

Миллати тоҷик аз азал башардӯсту инсонпарвар буда, бо намояндагони ҳамаи халқу миллатҳо риштаи дӯстиро мустаҳкам ва робитаҳои ҳамкориро ривоҷу равнақ медод ва ин равандро то ба ҳол вусъат дода истодааст. Хусусан ҳамкориву дӯстии мо бо давлати ҳамзабону ҳамдини мо – Эрон, ки решаҳои таърихӣ дорад, хеле мустаҳкам аст. Чунки мо бар замми ҳамзабон будан боз таърих ва фарҳанги ягона дошта, адабиёти оламшумули моро ҷаҳониён ҳамчун адабиёти тоҷику форс ном мебаранд.

Мутаассифона дар байни мардуми халқҳои тоҷику эрон шахсони кӯрдил, сиёҳботин ва ҳасуде арзи ҳастӣ доранд, ки бо васвасаҳои шайтонии худ тухми нифоқ мекоранд ва дӯстиву ҳамкории ин ду давлати дӯсту бародарро дида наметавонанд.

Мақолаи иғвоангезе, ки дар сомонаҳои интернетӣ таҳти унвони “Ҷавонони таҳсилкардаи Эрон дар Тоҷикистон ба ҳабс гирифта мешаванд”, як иғвою бӯҳтон буда, аз ҷониби роҳбарону намояндагони ТЭТ ҲНИТ ба роҳ монда шудааст ва он исботи ин гуфтаҳои болоист.

Бехирадону бахилони баҳонаҷӯй, ки номи давлату миллат ва ҳукумати кишварро сиёҳ карданӣ ҳастанд, бо шунидани ин хабар дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуда, аз худ ҳар гуна ахбороту маълумотҳои нав ба навро бофтанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки таи солҳои истиқлолият ҳазорҳо нафар шаҳрвандони тоҷик, хусусан ҷавонон дар муассисаҳои таълимию илмии мамолики хориҷӣ, аз ҷумла дар Эрон таҳсил намуда, соҳиби касбу ихтисос гардидаанд. Аксарияти онҳо ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият доранд ва барои ободу сарсабз гардидани Тоҷикистон заҳмату талош меварзанд.

Боиси қайд аст, ки мутаассифона бархе аз чунин ҷавонони сабукфикр дасисаҳои хоҷаҳои хориҷӣ афкорашон вайрон шуда, даст ба ҷосусию хониӣ задаанд. Мусаллам аст, ки мақомотҳои дахлдорӣ ҷумҳурӣ, ки масъули пешгирии ҷиноятҳо ва орому тинҷ нигоҳ доштани кишвар ҳастанд, чунин шахсони хиёнаткорро дастгир намуда, дар назди қонун ҷавобгар менамоянд. Албатта қисме аз ин ҷинояткорҳо дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Эрон таҳсил намудаанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бо давлати дӯсту бародар – Эрон, риштаҳои дӯстиро барканда бошем ва сиёсати “эронситезӣ”-ро ба роҳ монда бошем. Ҷинояткор ҷинояткор аст ва новобаста аз он, ки дар куҷо таҳсил намуда, роҳнамо гирифтааст бояд дар назди миллату Ватан ҷавоб диҳад.

Боиси таассуф аст, ки хоинҳои миллат, аз қабили Кабирӣ ва дигар намояндагони ТЭТ ҲНИ ин равандро ба таври худ шарҳу тафсир дода, ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Равшан аст, ки Кабирӣ ва пайравони ӯ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ ҷавонони тоҷикро дар рӯҳияи террористӣ тарбия намудан аст.

Мардуми сулҳҷӯю сулҳпарвари мо ҳеҷ гоҳ ба иғвои ин шахсоне, ки бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ мехоҳанд дар байни миллати мо тухми нифоқро коранд, дода намешаванд! Ҳамватанони мо хуб медонанд, ки дар ҷумҳурии мо сиёсати “эронситезӣ” ва ё ситеза ба миллати дигар нест ва нахоҳад буд.

Мо, ба ин “иқдом”-и навбатии Кабирию пайравони онҳо ва хоҷагону охундҳояшон дода намешавем ва рӯирост гуфтанием, ки “тӯфонҳои твиттерии онҳо” аз сафсаттае беш нест!

Исмоилов Ш, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест