ҲАМКОРИҲО БАЙНИ СОКИНОНИ НОҲИЯҲОИ НАЗДИСАРҲАДИ

      g.jpgСанаи 1-уми декабр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи иҷрои нақша ва чорабиниҳои Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба «Эҳё намудани ҳамкориҳо байни сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ» аз тарафи намояндагону собиқадорони Қушунҳои болозикр, бо роҳбарони муассисаҳои талимӣ, омӯзгорон, раисони кумитаи маҳалҳо,эмомхатибон ва сокинони Ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳияи Фархор вохурӣ доир гардид.

      Мавзуҳои асосии вохурӣ вобаста ба хатару таҳдидҳои тероризму экстримизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротӣ, назорат ва тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, ҳимояи марзу бум, ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо сарҳадбонон мебошад. шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошад ва дар ин масъала бетафовут буда наметавонад. Вазъи имрӯзаи Афғонистон низ моро воддор менамояд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

      Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд, ин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ барпонукандаи нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад.gg_1.jpg

      Таъкид гардид, ки атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар ҳифзи марзу буми ватани азизамон фаъол бошед. Ҳифзи пурраи сарҳад ин таъмини истиқлолият, ваҳдат, манфиати миллӣ ва иқтисодиёди он мебошад. Сарҳадбони тоҷик имрӯз на фақат марзи аҷдодии худро ҳимоя мекунанд, вай ҳамчунин барои зиндагии оромонаи кишвари худ ва мардуми худ масъулияти хеле зиёд дорад.gggg_0.jpg

      Зимни мулоқот қайд намуданд, ки солҳои охир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ ва арабӣ воқеият собит намуд, ки маҳз ҷавонон гурӯҳи осебпазири ҷомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун аз тарафи гурӯҳои терористию ифротгароии мазҳабӣ маҳз ба воситаи ҷавонон тарҳрезӣ мешавад. Дар анҷом муовини раиси ноҳия Раҳматуллозода Дилбар, дар назди ҳозирин баромад намуда, оиди пешгирии гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои терористӣ-экстримистӣ, мубориза бар зидди нашъамандию нашъаҷалобӣ ибрози ақида намуд, ки дастовардҳои Тоҷикистони азизро бештар аз бештар дар байни аҳолӣ, ҷавонону наврасон,ташвиқу тарғиб намуда, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. .

                           АЗ ДАФТАРИ МАТУОТИ НОҲИЯ

Ҳеҷ овозе нест