ВОРУХ, ЯКЕ АЗ МАКОНҲОИ ҚАДИМИИ ТОҶИКОН АСТ!

Асри иттилоот имрӯз ҳар гуна кӯру кареро гӯёву шунаво бинмуд, бо васвасаи пуштибонҳои ошкору ниҳон бар даъвою хархаша кашидааст.

Мо бояд мардуми сарбаланди ин сарзамин кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳар як пораи ин сарзамини қадимаамонро чун гавҳараки чашм азизу гиромӣ дошта бошем.

Дар ҳар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки ҳар як пора замини Тоҷикистони азиз ба мардуми шарафманди ин сарзамин азизу маҳбуб аст. Такя ба ин суханони падаронаи Ҷаноби Олӣ мо низ ҳар як порча замини хешро муқаддас медонем. Чунончи дар урфият мегӯянд “аёз қадри худ бишнос”. Хуллас, далел кофист, то ин бодиягардони кӯчманчӣ бидонанд, ки ҳазоршаҳрҳои таърихии тоҷикон бо ҷабри таърих ва хиёнати чанд ватанфурӯши беномӯс имрӯз бар дасти онҳост ва боз онҳо сер нестанд. Агар баҳс сари марзи Ворух тибқи харитаи даврони табартақсими соли 1924 меравад, ки бо дастони болшевикону пантуркистони дуруя сохта шуда буд.

Ворух – сарзамини Ориёнои бузург аст, ки дар «Авасто» номҳои “varuxhsa” ва “ardvsura” чун маъбади эзади об ва олиҳаи об зикр шудааст. Ҳамчунон он дар қаламрави Ҳафтшаҳри бузурги Ориёи ҷойгир буд, ки бо омадани кӯчманчиён тағйири ном карданд. Бадбахтона дар давраи табартақсими болшевекӣ аксари ин минтақаҳои таърихӣ бо талоши пантуркистон ба қабилаҳои кӯчманчии насли чингиз дода шуд. Тоҷикон ворисони асили ин сарзаини ориёӣ аз ин бенасиб монданд. Бадбахтона имрӯз бодастгирии пантуркистони нав ва шовинистҳои аврупоию рус тоҷикон аввал бо хешони наздик ҳамқавмони ориёи Эрон бад намуда, сипас пора карданианд.

Ворух на танҳо марзи нангу номус, балки ҷабҳаи муттаҳидсозанда ва пораи қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо ягон вақт Ворухро ба дасти пайравони чингиз нахоҳем дод.

 

 

А. Маҷидзода. омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест