МО ХОҲОНИ ОСОИШЕМ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қирғизистон 976 км ҳаммарз мебошад. То имрӯз 504 км дар он аломатгузорӣ шудааст. Ҷангу ҷидолҳо маҳз дар ҳамин маконҳо рӯх медиҳанд, ки натиҷааш гоҳе ба хунрезӣ анҷом меёбад.

Чунин ҳодисаҳо ва қонуншиканиҳо дар марз бо қирғиз моҳи январи соли 2020 рух дода буд, ки натиҷаи хунрезӣ дошт. Ин гуна ҷидолҳо идомабахши силсилаи амалҳои иғвогарона ва муноқишахоҳонаи сокинон ва низомиёни Қирғизистон дар соли 2019 мебошад.

Давоми соли 2019 мингтақаҳои наздисарҳадии тоҷику қирғиз 14 маротиба муноқишаю тирпаронӣ рух додааст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва зиёда аз 60 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух дар тарҳрезӣ ва рух додани ин ҳодисаҳои иғвогарона беш аз аҳолӣ худи сарҳадбонони Қирғизистон, аз ҷумла сардори дидбонгоҳи Кок-тош Мирбек султонбековро гунаҳкор меҳисобанд.

Бояд зикр намуд, ки чунин амалҳои иғвогаронаи шаҳрвандони қирғиз ҳамчунон дар минтақаҳои марзашон бо Ҷумҳурии Узбекистон низ сурат мегирад. Чунин ҳодисаҳо ва муноқиша дар аввали моҳи январи соли 2020 дар марзи қирғизу узбек дар наздикии Коктоши Қирғизистон рух дода буд.

Модоме, ки қирғизон чунин амалҳояшонро на танҳо бо тоҷикон, балки бо узбекон низ такрор доранд, ба кудаки хурдсол низ маълум мешавад, ки онҳо чи ғаразҳои нопок доранд. Онҳо ҳаёти осоиштаро тарафдорӣ надоранд.

  • Мирализода. омӯзгор
Ҳеҷ овозе нест