ДАРВОЗ - ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ВМКБ

ВОКУНИШ. Мо мардуми тоҷик аз тоҷики тоҷдор будани худ мефахрем. Гузаштагони мо заҳмати кам накашидаанд то ин давлату миллат ба нестӣ наравад. Ман як нафар зодаи ноҳияи Дарвоз аз он меболам, ки бадахшониям. Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар вилояти Хатлон зиндагӣ ва фаъолият дорам, ҳангоме, ки барои истироҳат ба ноҳияи Дарвоз меравам он ободиву пешравиҳоро дар он ҷо мебинам хеле хурсанд шуда, шукрона аз он мекунам, ки дар онҷо чунин шахсони ватандӯсту бонангу номус ба воя расидаанду дар фикри ободиву пешравии ин ноҳияи дурдаст ҳастанд.

Тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва ҳам интернетӣ Иҷлосияи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тамошо намуда, муроҷиати ман ин аст, ки пеш аз он ки аз номи тамоми мардуми ноҳияи Дарвоз баромад намуда, чунин пешниҳодҳо намоӣ, аввал бо таърих ва фарҳанги ин мардум шинос шуда, аз муборизаву масъулиятшиносӣ ва бофарҳангии он огоҳ шудан лозим! Мардуми тоҷик дар тамоми давру замон мададгор ва кумакрасони якдигар буданд. Аз майдони ҷанг фирор намудан ин нишонаи номардист. Мардуми тоҷик бадахшонию хатлонӣ, хуҷандию дарвозӣ надорем ҳамаи мо тоҷикем дар куҷое, ки набошем моро аз Тоҷикистон ва тоҷик мегӯянд. Даҳ метр дуртар аз сарҳади Тоҷикистон дар мамлакати ҳамсояи мо, яъне Афғонистон толибон як гурӯҳ мардуми ҷоҳилу бадандеше, ки ваҳшиёна ба сари миллати худ гарониҳо меоваранд сари қудрат омадаанд. Хушбахтона мо бо дили пур аз умед зиндагӣ менамоем, ки мо Ҷаноби Олӣ дорем ва ӯ тамоми қувваташро ба он равон намудааст, ки мардуми тоҷик дар тинҷиву оромӣ зиндагӣ намоянд. Бо пайдо шудани ду- се нафар ҷинояткору бадхоҳе наметавон фикри ҷудо намудани ноҳияи Дарвоз ноҳияи таърихиро дар сар парварид. Ин кишвару ин мамлакат ва ин мардум махсусан мардуми Дарвоз бесарпаноҳ нестанд, кулли мардуми кишвар дар канори ҳамватанони худ хоҳанд монд. Ҳар мушкиле роҳи ҳал дорад ва роҳи ҳалли нест кардани амалҳои ҷиноятӣ ва мардумро аз шарри онҳо наҷот додан ин ба қонун таслим намудани онҳо ва муборизаи дастаҷамъона бурдан бар зидди онҳост!!!

Риоева Ҷавоҳир, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Ҳеҷ овозе нест