"ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ"

c_0.jpgИмрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси нохияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода, ба аёдати сарбозону афсарони камендатураи ноҳияи Фархор рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуданд.

Муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода бахшида ба Соли нави мелодӣ ҳамаи сарҳадбононро табрик намуда, қайд намуд, ки ҷавонони соҳибистиқлоли ватанамон имруз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳисаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар–Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.cc.jpg

Дар ин ҷамъомад аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба сарбозон ва оилаҳои онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.cccc.jpg

АЗ МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

Ҳеҷ овозе нест