МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР МАВЗӮИ "ПАЁМ ҲИДОЯТГАРИ МО БА СӮИ ФАРДОИ НЕК"

q.jpg05.01.2022 ФАРХОР    Дар асоси нақшаи тарҳрезинамудаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда шуда, имрӯз дар 3-Ҷамоати деҳоти ноҳия аз ҷумла, Ҷамоати деҳоти Гулшан, Деҳконобод ва Ҷамоати деҳоти Фархор  мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода ва иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, Муҳаммадҷони Абдувоҳид – саромӯзгори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷаҳонгири Рустамшо – сармуҳарири нашрияи «Анвори дониш»-и ДДК, доир ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд бо фаъолон баргузор гардид.qq.jpg

         Дар мулоқот муовинон, дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони меҳнат, кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён, ва ҷавонон ширкат варзиданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф Вализода мулоқотро оғоз намуда, доир ба самтҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша карданд.

 Таъкид гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созандаест, ки сокинони сарбаланди кишвари азизамонро ба сӯйи музаффарият ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ баромад намуда, зимни ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат зикр дошт, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад ва татбиқи амалии онро ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, иқтисоди кишвар, механизми расидан ба ҳадафҳои дарпешистода, масъулиятшиносии ҷавонон ва вазифаҳо барои панҷсоли оянда муҳим арзёбӣ намуд.Бо ёдоварӣ аз нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2021 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд.qqq.jpg

Дар мулоқот фаъолон аз ҷумла, намояндагони самти саноат, маориф, тандурустӣ, собиқадорон ва намояндаи ҷавонон суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кору фаъолит қарор дода, барои амалӣ гардидани супоришҳои дар Паём зикршуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 

АЗ МАРКАЗИ МАТУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

Ҳеҷ овозе нест