Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аст!

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Аз ҳамин сабаб намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки он боиси вусъат пайдо намудани радикализим, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни ҷавонон мешавад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва варзишгарон чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки олимону донишмандон коршиносони масоили сиёсиву иҷтимоӣ, мақомоти зиддахл, ниҳодҳои сиёсиву иҷтимоӣ: ҲХДТ , кор бо занону ҷавононва ҷомеаи гузаронида шаванд. Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуроти номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. Ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошанд набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шаванд. Зеро дар ҳурфият ҳикмати хубе ҳаст, ки “Худкардаро даво набувад” Ё ба таъбири Бедил: Бедил аз шабпара кайфияти хуршед напурс, Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кунанд.

Яқубзода Парвиз-директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Фархор ба номи Тағай Дӯст

Ҳеҷ овозе нест