БЕВАТАН ДАР РӮИ САД ДУНЁ НАЁБАД САРПАНОҲ
Вокуниш:
Даҳсолаи аввали асри ХХI бо тамоми хатарҳои сатҳи умумиҷаҳонии худ ба ҷони инсонҳо ва вазъи кунунии сайёра таъсири зиёде расонидааст. Дар баробари зиёд будани хатарҳои рузафзуни умумисайёравӣ ва минтақавӣ яке аз он хатарҳое, ки таъсири он дар асри навин ба ҷони инсонҳо ва рушди мафкураи инсонӣ монеъ мешавад ин амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад. Дар арафаи таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ аъзо ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ, хусусан М.Кабирӣ ва М. Садриддин дар шабакаи интернетӣ бо кирдорҳои разилонаи худ Тоҷикистонро ба сифати давлате, ки гуё дар он ҳифзи арзишҳои ҳуқуқи инсон, мавҷудияти демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва адолатпеша дида намешавад, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои иттилоотиро роҳандозӣ намуда истодаанд. Бо ин амали худ мехоҳанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёҳ муаррифи намуда, бо ҳамин васила бозиҳои сиёсиро роҳандозӣ ва пиёда намоянд, аммо фаромӯш насозанд, ки халқи тоҷик сабақи хуби таърихиеро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба худ гирифтааст ва дар ин росто бар пояи давлат устуворанд. Бо дарназардошти чунин натиҷагириҳо, ки аз таҳлилҳо ва амалҳои худхоҳонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кушиш менамоянд ба ғаразҳои нопоки худ расанд, аммо иродаи матини халқи ватандӯсту ватанпарвар, дорои ҳуввият ва шуҷоати миллӣ таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузошт, ки амалҳои бадхоҳонаи худро дар ин сарзамин пиёда намоянд. Замоне расидааст, ки гурӯҳҳои бадхоҳи миллат даст боло бардошта иқрор шаванд, ки ин халқу миллат ҳеҷ гоҳ сар хам намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки пойи нохалафе ба хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва соҳибтамаддун гузошта шавад. Аз дур истодану санги маломат партофтан ба давлату миллат ва роҳандози намудани баҳсҳои иттилоотӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дигар манфиатеро намеорад, зеро халқи Тоҷикистон акнун чеҳраи аслии онҳоро медонад ва фирефта ба амалҳои онҳо намегардад, баръакс ҳар қадаре, ки онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳо санги маломат мезананд, эҳсоси ватандӯстии халқи Тоҷикистон ҳамон қадар боло меравад ва нафраташон ба онҳо зиёда мегардад.
Котиби Чамоати дехоти Фархор Ализода У.