Баъзе мулоҳизаҳо атрофи ҷанги иттилоотӣ дар муқобили қирғизҳо

Аҳолии Тоҷикистон як баробар аз аҳолии Қирғистон зиёд аст, яъне қирғизҳо беш аз 6 млн ва мо тоҷикон 10 млн аҳолӣ дорем. Ва аз ин 10 млн аҳолӣ аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои чӣ аз шумораи аҳолӣ суханамро оғоз кардам. Барои он ки имрӯзҳо мебинем, дар ҷанги иттилоотӣ аз қирғиздеҳқонӣ оддӣ оғоз карда, то ба сатҳи кормандони расмӣ дар муқобили давлати мо ва мардуми мо ҷанги иттилоотиро дар интернет фаъол кардаанд.

Дар дилхоҳ сомона, саҳифа ва гурӯҳ зидди давлату низомиёни худ ягон маводи манфӣ диданд, зуд шаҳр медиҳанд ва ё дизлайк мегузоранд. Ҳатто давлатмардони моро таҳқиру мардуми моро танқид карда истодаанд. Аз раванди коргузориву бархӯрди онҳо маълум аст, ки баъзеҳо аз ҳисси ватандӯстӣ ин амалро иҷро доранд ва аксарияташон бошанд, ба назарам дар кадом маконе гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада, сари компютерҳо нишаста зидди мо ҷанги иттилоотӣ бурда истодаанд. Мисолу гуфтаниҳо зиёданд, бинобар ин бо ҳамин кофист.

Дуруст аст, ки бинобар сиёсати давлатӣ сухан кардани баъзе кормандони расмӣ ва рӯшанфикрону зиёиёни мо маҳдуд аст. Вале мардуми оддӣ деҳқону ронанда, муаллиму духтур, муҳоҷиру огоҳҳои самти иттилоот чаро хомӯшанд. Дар ҳамин шабу рӯз ҳар як нафаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ва ё дар дигар бахшҳои иттилоотӣ фаъол аст, бояд дар муқобили душманон мубориза барад. Агар кормандони расмӣ ва ё дилхоҳ шаҳрванд аз баъзе падидаҳо ҳарос дорад, бигзор ягон саҳифаи сохтае ва ё сомонае дар шабакаҳои интернетро фаъол карда, дар муқобили қирғизҳо ҷанги иттилоотиро фаъол намояд. Дар ҳамин шабу рӯз касе, ки аз равандҳои ҷанги иттилоотӣ огоҳ ва ё мушоҳида карда бошад, аксари саҳифаҳое ки ба муқобили давлати мо навиштаҳову шарҳову лайкҳо гузошта истодаанд, фейкиву сохта ҳастанд. Пас мо чаро наметавонем, бовар кунед метавонем!

Дуруст аст, ки баъзе коршиносон ба ин назаранд, ки дар ин ҷанги иттилоотӣ бояд аз аҳли олимону донишмандон ва маълумотҳои дақиқу асоснонкро истифода бурд. Бо ин назар ҳамфикрам ва пас бояд як гурӯҳ донишмандону коршиносону огоҳон маълумоту матлабҳо омода кунанд, як гурӯҳи дигар онҳо бо забонҳои русиву англисиву қирғизиву дигару дигар тарҷума намоянд, як гурӯҳи дигар онҳоро пахшу паҳн намоянд, як гурӯҳи дигар шарҳу писандҳо гузоранд. Дар натиҷа мо дар ин ҷанги иттилоотӣ бар муқобили душман ғалаба хоҳем кард ва дар оянда низ таҷрибаи бузургро дар ин самт ба дасто хоҳем овард.

Мавриди зикр аст, ки тайи ин чанд рӯз дар ҷанги иттилоотӣ бо қирғизҳо дар ҳақиқат корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоии интернет бисёр фаъол буданд ва ин боиси сутуданист. Аммо дар фазову аудиторияи тоҷикӣ бештар ва аз ҳама бад ин аст, ки навиштаву матлабҳои беасосанд. Ҳамаи он нафароне, ки дар фазои тоҷикии интернет ва ё шабакаҳо фаъоланд, бояд ҳар чӣ зудтар навиштаву матлабҳои худро ба забонҳои хоричӣ омода карда, дар гурӯҳу саҳифаҳои мардуми қирғиз ва ё дигар давлату милллатҳо пахшу паҳн намоянд. Мабодо зарфияти инро надоранд, матлабу навиштаҳои худро омода карда дар саҳифаашон гузоранду аз дигар ҳамватанон хоҳиш намоянд, ки онҳоро тарҷума кунанд. Аммо бояд гуфт, ки тайи ҷанд рӯз мушоҳида кардам, ки ҳатто муассисаҳои таълимии миёнаву умумиву олӣ ва баъзе мақомотҳои расмӣ низ бештар бо забони тоҷикӣ матлабҳо пахшу паҳн карданд. Бешубҳа, ин муассисаҳо дорои омӯзгорон ва кормандони забондони қавӣ ҳастанд, пас чаро онҳоро ба ин кор ҷалб наменамоянд. Мободо ягон мушкилии сиёсӣ бошад, бигзор дар саҳифаву сомонаҳои сохта онҳоро паҳну пахш намоянд.

Бояд гуфт, ки чандин маротиба дар ҳодисаҳои солу моҳҳои гузашта аз ҳамватанону огоҳон хоҳиш карда будем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору аксҳои хусусияти низомиву ҳарбӣ доштаро пахшу паҳн накунанд, вале мутаассифона ин амал бори дигар такрор шуд. Замоне ки мо ин амалҳоро иҷро мекунем, ҷониби қирғиз ба манфиати худ онҳоро истифода бурда, оянда ҳамчун факту асос дар назди давлатҳову созмонҳо бечорагӣ ва бегуноҳии худро нишон хоҳад дод.

Бисёр таассуфовар ва ё аниқтараш ҳайронкунанда нест, ки беҳувиятҳо ва душманони давлати мо дар хориҷи кишвар, хусусан наҳзатиҳову бистучориҳо дар ҳамин шабу рӯзи барои давлату миллати мо вазмин дурӯғу туҳматҳо ва изҳоротҳои беҳувиятонаи худро пахшу паҳн карда истодаанд. Аксари пайравони наҳзат дар муқобили навиштаву матлабҳои мо шарҳҳои зид ва таҳқиру танқидҳои номардонаи пайвастаи худро иҷро карда истодаанд. Ин бори аввал нест, ин беҳувиятҳо дар ҳодисаву воқеаҳои гузаштаи марзӣ ва бемории коронавирус низ чеҳраи аслии худро ошкор карда буданд. Ин нишонаи беҳувиятӣ ва тоҷик набудани онҳоро нишон медиҳад. Баръакси ин беҳувиятҳо аксари қирғизҳои дар хориҷ буда, муқобили мо ҷанги иттилоотиро ба роҳ монда дар чунин рӯзи сахт дар паҳлуи миллату давлати худанд. Ва ё дур намеравем, дар ҷанги озару арманиҳо низ армантаборҳои Амрикову Аврупо муқобили амалҳои озариҳо овоз баланд карда, ҳатто мусоидату кӯмакҳои моддиву пулӣ карда истодаанд.

Мо аз наҳзатиҳову бистучориҳо дар ҳамин шабу рӯз ягон амалӣ некро нахостем ва намехоҳем, танҳо хомӯш бошанд ва ба амалиётҳои давлату миллати мо халал нарасонанд. Агар диққат карда бошед, баъзе шарҳу навиштаҳо ва аксу наворҳои қирғиз ба навиштаву матлабҳо ва наворҳои наҳзатиҳову бистучориҳо бисёр монанд аст. Бовар дорам, ки ин худи наҳзатиҳо ва бистучориҳо ҳастанд. Ин беҳувиятҳо ҳамин рӯзи вазнинро барои давлату миллати мо интизор буданд. Аз дасти ин беҳувиятҳо ва беимонҳо ин кору амалҳо имконпазир аст.

Махусан, таъкид менамоям, ки дар масъалаи баҳсҳои лафзӣ ва навиштаҳои баъзе ҳамватанон набояд ранҷид, чун аксари чунин бардоштҳоро он нафароне баён карда истодаанд, ки аз раванду падидаҳо ва масаъалаҳои марзӣ аз наздик огоҳанд ва ё донандаи онҳоянд. Бинобар ин, ба назари ман дар чунин рӯзҳо ва мушкилиҳо болои давлату миллати мо баъзе шахсиятҳои миллӣ ба эҳсосот дода шудаанд. Аз ин рӯ, аз онҳо наранҷида, баръакс камбудиҳои гуфтаи онҳоро нури дида карда, дар муқобили душман истифода бояд бурд.

Ҳамин тариқ, бо боварии комил гуфта метавонам, ки давлати мо қавӣ ва зарфияти давлатдории мо бузург мебошад. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва фикрии мо дар бартарафкунии ин фоҷеаи миллӣ камар бастаанд. Давлатмардони мо дар касбу кори худ бисёр касбӣ ва ҳирфаӣ буда, дар назди худ стратегия ва тактикаи комил доранд. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд дар ҳамин шабу рӯз ба онҳо бовар карда, такя намоем. Ҳар як нафари мо бояд дар кори худ, дар бахши худ амале иҷро намоем, ки барои давлату миллати мо манфиат орад.

И Халилов,

 

 

Ҳеҷ овозе нест