ИМРӮЗ ҲУШЁРТАР АЗ ДИРӮЗ БОЯД БУД

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо бояд аз дирӯз дида ҳушёртар ва боэҳтиёттар бошем. Таҳаввулотҳое дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рух дода истода пешгӯинашавандаанд ва моро водор месозанд, ки дар навбати аввал ба ҳар роҳе, ки набошад, дар таъмини суботу амнияти Ватан саҳмгузор бошем. Нигоҳ доштани амнияти кишвар, ин садоқат доштан ба Ватан – модар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ва эҳё кардани анъанаҳои ниёгон, ҳамзамон омӯзиши илмҳои замони муосир ва зери сиёсати ҳукумати кишвар ва таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат баҳри рушди давлатдорӣ тадбирҳо андешем. Маврид ба зикр аст, ки бархӯрди давлатҳои абарқудрат барои иддае аз гурӯҳҳо ҳолати муносиб ва мувофиқ баҳри амалӣ кардани нақшаҳои нопоки худ мебошад. Мақсад аз ин гуфтаҳо дар чист? Чун аз бархӯрди давлатҳои абарқудрат ҳарф задем, бояд гуфт, ки ин давлатҳо пеш аз ҳама ба иқтисодиёти давлатҳои хурд ва рӯ ба рушд ниҳода таъсири манфӣ мерасонад. Гароншавии нарх, камшавии иддае аз молу маҳсулот, бекорӣ ва амсоли инҳо мушкилиҳое ҳастанд, боис ба он мегардад, ки дилхоҳ гурӯҳҳо аз эҳсосоти мардум ва ҳолати мушкилиашон истифода бурда ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд.

Сухан дар бораи чӣ меравад?, - албатта мо низ гурӯҳҳое дорем, ки дар гузашта дар оромии Ватани азизи мо тухми ҷангро кошта, кишварро ноором, мардумро овораву сарсон ва оғуштаи хун карда буданд ва ҳанӯз ҳам аз ин гурӯҳҳо шумораи кам ҳам бошад, дар хориҷи кишвар кор бурда истодаанд ва аз амалҳои худ даст накашидаанд. Ҳар яки мо бояд дарки амиқи онро кунем, ки нафаре, ки дар хориҷи кишвар нисбати миллату давлати худ аз минбари созмонҳои байналмилалӣ туҳмату бӯҳтон мезанад, оё метавон ба ӯ бовар кард?. Баромади роҳбари ТЭТ ҲНИ, Кабирӣ дар САҲА, ки нисбати ҳукумати кишвар ва сиёсати давлат тӯҳматҳо кард бояд ҳаминро махсусан қайд кард, ки амалиёти ҷиноие, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИТ дар соли 2015 рӯх дод, маҳз бо супориши Кабирӣ ва роҳбарии Абдуҳалим Назарзода буд, ки чандин нафар ҷавонмардони миллат қурбони ин амали нопоки онҳо гардиданд.

Аз ин бармеояд, ки ин гурӯҳҳо ҳеҷ вақт оромии ватанро намехостанд ва намехоҳанд. Бинобар ин ҳар як фарди худогоҳу ватандӯстро мебояд имрӯз дар шинохти ин гурӯҳҳо ҳушёр бошанд, то ба доми найрангу фиреби онҳо гирфтор нашаванду ба худ ва наздикони худ хатар эҷод насозанд.

Хулоса, мо бояд тамоми пешравиҳои назарраси кишварро, ки бо суръати баланд дар соҳаҳои мухталиф рафта истодаанд бо таҳлилҳои амиқу дақиқ дида, худ баҳо диҳем ва ҳамазамон баҳри ободию озодии ҳар як гӯшаи диёри хеш саҳмгузор бошем. Мо танҳо зери сиёсати ватандӯстона, хирадмандона ва содиқонаи Пешвои муаззами миллат метавонем дар ҳифзи амнияти кишвар, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои неки худ расида бошем. Пас мебояд сарҷамъию тифоқиро дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкамтар сохта нуфӯзи Тоҷикистонро аз имрӯз дида дар арсаи ҷаҳонӣ болотар бардорем.

 

Фарход Рустам

Омузори МТМУ№ 3-и н Фархор

Миёна: 1 (1 vote)