ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ҚАҲРАМОН ВА САРВАРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Дар таърихи навини миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Шоҳидон ҳамон солҳо беҳтару хубтар медонанд, ки чӣ қадар мушкилиҳо ва фоҷеаҳое ба сари миллати тоҷик наомада буд. Аммо бо вуҷуди ин қадар мушкилоту нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва ғайрату ҷасорати фавқулодаи Пешвои миллат кишвари азизамон аз вартаи фалокат ва нобудӣ берун оварда шуд, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватан баргардонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз ҳақиқатҳои бебаҳс дар ҷомеаи тоҷик ва берун аз он аст, ки бузургтарин дастоварди Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, комёбиву дастовардҳои дигари кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат ин дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гаштан мебошад. Ҳамин буд, ки маҳз аз натиҷаи хизматҳои арзандаву шоёни ин абармарди шуҷоъ мардуми тоҷик 11-уми декабри соли 1999 ҳамчун Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуданд.
Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллати номвар ва номбардори халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани давлат дар солҳои баъд аз ҷанги таҳмилӣ нигоҳ дошта шуд. Бо мақсади рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида, тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳидояти ин абармарди миллат ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат, ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ дар амал татбиқ гардида истодааст. Имрӯз тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном наниҳоданд. Чунки ӯ худ аз байни халқ баромада, ба дарду ғами халқ шарик аст.
Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, хисороти ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, ҳазорҳо одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисоди мамлакат рӯ ба таназзул ниҳода буд. Пешвои миллат тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки мардумаш осудаву хушҳол умр ба сар баранд.
Мавриди зикр аст, ки тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд.
Дар таърихи халқи тоҷик низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта Шоҳ Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз ҳазорсолаҳо, дар эҳёи нави миллати тоҷик чунин нақши барҷастаро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидаанд. Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти кишвар ҳамеша мекӯшагд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оваранд. Бо кӯшиш ва талошҳои пайдарҳами Президенти кишвар Тоҷикистон аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ раҳо ёфт ва тадриҷан зина ба зина сӯйи пешрафт аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдоранд, ки то ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ аст, саҳмгузор бошад. Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.