“МАН ҚАСАМ ЁД МЕКУНАМ, КИ ТАМОМИ ДОНИШУ ТАҶРИБААМРО БАРОИ ДАР ҲАР ХОНА ВА ҲАР ОИЛА БАРҚАРОР ШУДАНИ СУЛҲ РАВОНА КАРДА, БАРОИ ГУЛ-ГУЛШУКУФИИ ВАТАНИ АЗИЗАМ САДОҚАТМАНДОНА МЕҲНАТ МЕКУНАМ”.

f_0.jpgИбтидои солҳои 90-уми асри XX бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро кулан фалаҷ сохта, ба ҳалокат расонид. Дар харобазори он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуда, истиқлолият ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори 15 ҷумҳурии шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии сохибистиқлоли мо оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳони мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ҷиҳати эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, тақвияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар он давра дар натиҷаи ҳаракатҳои миллӣ, хавфи аз байн рафтани миллат ва давлати тоҷикон фаро гирифта, мардум дилшикаставу парешонхотир гашта буданд. Бераҳмиву бетартибӣ, ҷаҳолат, садои тиру туфанг дар фазои кишвар ба дили мардум тухми ноумедӣ мекошт.

Мавриди зикр аст, ки мардум аз хонаву дар маҳрум гашта, ҷон ба каф гирифта тарки Ватан мекарданд. Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ лаҳзаҳои душвортарину мудҳиштаринро аз сар мегузаронид. Гуруснагӣ, қатлу ғорат, худписандӣ, ҷоҳилӣ, бераҳмӣ минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро фаро мегирифт. Шаҳру деҳот хароб шуда, корхонаҳо ва амволи давлатӣ ғорат шуда буданд. Сохторҳои ҳукумати қаблан тавоно заиф ва ҳокимият фалаҷ шуда, вазъи носолим ва фазои яъсу ноумедӣ ҳукмрон гардид. Дар чунин шароит фарзандони ватандўсту ватанпарвар тасмим гирифтанд, ки мардуми гумроҳшударо ба роҳи рост ҳидоят намоянд ва Тоҷикистонро ба хонаи умеди тоҷикон ва ҳамаи халқҳои сокини он табдил диҳанд.

Бояд қайд кард, ки сабабҳои cap задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёданд. Оғози муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ аз оқибатҳои фоҷиабори он барои миллат дарак медод. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш ва фирорӣ ва садҳо тан кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардида буданд. Дар чунин вазъияти ниҳоят вазнин ягона сохторе, ки тавонад вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Фақат Шӯрои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Ва бо тақозои халқ ва иродаи аксари вакилони мардумӣ қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти депутатҳои халқӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти муташанниҷ 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шурӯъ кард.

Таҳлилгарону коршиносони соҳа таъкид менамоянд, ки даъвати иҷлосияи Шӯрои Олӣ худ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт, ки ҳадафи он ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат буд. Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 23 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъалаи асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он бояд аз интихоби роҳбарият ва хукумати нави ҷумҳурӣ оғоз меёфт. Зеро роҳбарияти вақти сиёсӣ қудрати идора кардани мамлакатро надошт ва ҳукумат фалаҷ ва корношоям шуда буд.

Хотиррасон менамоем, ки ташаккули Пешвои миллат аз Иҷлосияи ХVI тақдирсоз сарчашма мегирад. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тақдирсоз буда, аҳамияти таърихӣ дорад, чунки дар ин иҷлосияи таърихи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонуни барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузашта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ сар шуд.

Аз рӯзи аввалини интихоб ба мақоми олии сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш. эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии низоми давлатдорй, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимой, дарёфти ҷойгаҳи муносиб дар арсаи байналхалқиро мароми асосии ҳукумати нав эълон намуд. Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва бо мақсади таъмини суботи сиёсӣ иҷлосия қарори дахлдор қабул намуда, аз шакли идораи президентӣ даст кашида бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон сохти парламентиро дар ҷумҳурй ҷорӣ намуд. Тибқи он ваколатҳои Президенти ҶТ ба дӯши Раиси Шӯрои Олӣ вогузор карда шуда, Раиси Шӯрои Олӣ сарвари давлат ҳисобида мешуд. Ҳамчунин дар иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Иҷлосия Қонун «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Масъалаҳои баргардонидани гурезагон ва таъмини онҳо бо манзили зист, авфи иштирокдорони муқовиматҳои ҳарбӣ ва сиёсӣ аз масоили дигари муҳими иҷлосия маҳсуб мегардиданд.

Масъалаҳое, ки Роҳбари ҷавони давлат 30 сол муқаддам дар ҳалли онҳо иқдом намуданд, воқеан масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ буданд: «таъсис додани Артиши миллӣ, пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд.» (аз Муроҷиатномаи 12 декабри соли 1992) Дарвоқеъ, ҳамин Муроҷиатномаи нахустини ӯ барномаи мушаххаси бунёди давлати комилан муосири миллӣ ва демократӣ буд, ки паси ҳар сатри он воқеаҳо, ҳодисаҳо, пешравиҳо, масрафҳои моддию маънавӣ ва ислоҳоти азим истода буданд, ки барои нахустшунавандаҳо орзую армон буда, имрӯз барои мо воқияти бебаҳс гаштаанд.

Маврид ба зикр аст, ки вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити вазнин ва тақдирсоз, ки манфиатдорони беруна дасти халқи онро ба хун олуда кардаанд, ҳифзи истиқлоли давлатист. Ҳифзи истиқлоли давлатӣ ҳадафи ҳама амалиёти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар масири давлатдории навини тоҷикон чӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва чӣ дар замони баъди он буд.

Ташаббусҳои навбатии Сарвари миллат, аз ҷумла Эълони солҳои 2020 -2040 солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба таҳияи заминаҳои илмии саноатикунонии босуръати давлат (ҳадафи чорум) роҳ кушода, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - ватани азизи ман” ба тарбияи инсони солеҳ, содиқ ва ватандӯст асос гузоштанд. Бо ин ҳама эҳёгариҳо ӯ ба саволи таърихии “Мо кистем, хотираи таърихии мо аз чӣ иборат аст ва ба куҷо рафтан мехоҳем?”ҷавоби санҷидашудаи тақдирсоз дод. Ин ҳама асосҳои ғоявии ҳифзи истиқлолияти давлатиро дар паҳнои андешаи ҷомеа таҳия намуда, роҳи тафаккури ҷомеа ва миллатро ба сӯи худшиносии миллӣ ҳамвор гардонида, манбаъҳои назарӣ ва ғоявии муҳофизати манфиатҳои давлати муосири тоҷиконро ҳамчун сипар коркард карданд.

Махсусан, қайд менамоем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони мӯҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.”

 

Ҳеҷ овозе нест